Дар ояти якуми сураи «Қадр»
омадааст, ки нозил кардем
Қуръонро дар шаби қадр, яъне
моҳи шарифи Рамазон.
Нахустноми китоби осмонии
мусулмонҳо «Фурқон» ном
дошт, дар замони
Паёомбарамон Муҳаммад
(с.а.в.) «Фурқон» китобат
нашуда буд. Сураҳо ба воситаи
малоика Ҷабраил давоми 23
соли ҳаёташон ба
паёомбармон
дар ду макон - Макка ва
Мадина нозил шудааст, ки онро
ба мардум мерасониданд.
Аввалин сура «Алалақ» яъне
«Иқра» ном дошта, маънояш
хондан аст, дар ғори Ҳиро
дар Макка дар моҳи шарифи
Рамазон нозил гардидааст. Аз
ҳамин сабаб Қуръонро дар
моҳи Рамазон фуруд омад,
мегӯянд.
-Бузургтарин мӯъҷизаи
Паёмбар чист?
-Боз Қуръони маҷид.
-Сураҳои Қуръон чандто
ҳастанд?
-114 сура.
-Ҳамаи сураҳо бо гуфтани
калимаи «бисмиллоҳ» оғоз
меёбад?
- Бале! ҷуз аз як сура.
-Кадом сура?
- Сураи «Тавба» бебисмиллоҳ
аст.
-Бузургтарин сура дар Қуръон
кадом аст?
- Сураи «Бақара».
-Хурдтарин сура?
-Сураи «Кавсар».
-Сурае,ки фазилати он баробар
бо чоряки Қуръон аст?
-Ёсин ва Ал-кофирун.
- Сурае, ки нисфи Қуръонро
ташкил мекунад?
-Сураи «Фотиҳа» ва «Ал-
залзала».
-Ҷавҳари Қуръон?
-Сураи «Фотиҳа».
-Чанд сура дар Макка ва чанд
сура дар Мадина нозил
шудааст?
- 86 сура дар Макка ва 28 сура
дар Мадина ба Паёомбармон
нозил шудааст.
-Некбахткунандаи оёти Қуръон
кадом ҳисоб меёбад?
- Оят-ал-курсӣ.
-Номи Аллоҳ дар Қуръон чанд
маротиба омадааст?
- 980 маротиба.
-Номҳои Худованди мутаъол
яъне сифатхояш
чандто мебошанд?
- Парвардигор бо 99 ном яъне
сифат ёд
мешавад.
-Кадом Паёомбар аз модар бо
фазли Парвардигор ба дунё
омадааст?
- Исо (а.с.) аз Марям.
-Ҷаннат чанд маротиба дар
Қуръон зикр гардидааст?
-66 маротиб.
-Дузах – оташ-чӣ?
-126 маротиба.
-Номи ҳазрати Исо (а.с.) чанд
маротиба дар Қуръон ёд
гардидааст?
-25 маротиба .
- Мусо (а.с) чӣ?
- 131 маротиба.
- Абулбашар лақаби кист?
-Одам (а.с.)
-Дар кадом сура паёомбарон
бештар ёд гардидаанд?
- Дар сураи «Аъроф» Одам (а.с.),
Нӯҳ (а.с.), Ҳуд (а.с.), Солиҳ (а.с.),
Лут (а.с.), Шуъайб (а.с.), Мӯсо
(а.с).
-Калимаи намоз дар Қуръон
чанд маротиба такрор
ёфтааст?
- 105 маротиба.
-Рамазон, ки вуҷуби савм ҳам
гӯянд, дар ин китоби осмонӣ
чанд маротиба таъкид
гардидааст?
- 9 маротиба.
-Закот чанд маротиба?
-74 маротиба.
- Ҳаҷ намудан?
-14 маротиба.
-Аввалин шахсе, ки бо қалам
хат навиштааст ва Қуръонро ёд
кардааст?
-Ҳазрати Идрис (а.с.).
-Бузургтарин калимаи Қуръон ?
-Лястахлифаннаҳум, аз сураи
«Нур», ояти 55.
-Дар Қуръон кадом Паёомбар
аз
ҳама зиёд ёд гардидааст?
-Ҳазрати Мӯсо (а.с.).
-Ҳазрати Нӯҳ (а.с.) чанд сол
қавми худро ба ягонагии Худо
даъват намудааст?
-950 сол.
-Дарозтарин сураи Қуръон
кадом аст?
- Сураи Бақара. Ояти 282.
- Зимистон дар Қуръон чанд
маротиба ёд гардидааст?
-Ҳамагӣ як маротиба.
-Дар кадом сура?
-Дар сураи «Қурайш».
- Номи шабе, ки ибодат дар он
шаб баробар ба ҳазор шаб аст?
-Шаби қадр, дар моҳи шарифи
Рамазон.
-Охирин сураи Қуръон?
-«Ан-нос».
-Сурае,ки бо номи меваҳо оғоз
меёбад?
- Сураи «Тин» бо номи анҷир ва
зайтун ёд мешавад.
-Сурае, ки бо номи ду Паёомбар
хотима меёбад?
-Дар сураи «Аъло». Суҳуфи
Иброҳима ва Мӯсо.
ХАТО КАРДА БОШАМ ИЛТИМОС
ИСЛОХ КУНЕД! Дар кучое хато
карда бошам Аллох бубахшад!
Амин...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев