1. Кадом баҳрҳои рангаро медонед?
Дар кураи Замин чор баҳри ранга мебошад.
1. Баҳри Сафед масоҳаташ 90 ҳазор км², чуқуриаш 340 метр мебошад.
2. Баҳри Сиёҳ масоҳаташ 422 ҳазор км² , чуқуриаш 2210 метр мебошад.
3. Баҳри Сурх масоҳаташ 450 ҳазор км², чуқуриаш 3040 метр мебошад.
4. Баҳри Зард масоҳаташ 416 ҳазор км², чуқуриаш 106 метр мебошад.
2. Баҳри калонтарини ҷаҳон?
Баҳри калонтарин дар ҷаҳон баҳри Филиппин буда, масоҳаташ 5 млн 726 ҳазор км², чуқуриаш 10265 метр мебошад.
3.Халиҷи калонтарини ҷаҳон?
Халиҷи калонтарини ҷаҳон Бангола (Ҳиндустон) буда, масоҳаташ 2,1 млн км² мебошад.
4. Гулугоҳи калонтарини Ҷаҳон?
Гулугоҳи калонтарини ҷаҳон гулугоҳи Дрейк (Амрикои Ҷанубӣ ва Антарктида) мебошад, ки паҳмиаш 900 км мебошад.
5. Гулугоҳи дарозтарини ҷаҳон?
Гулугоҳи дарозтарини ҷаҳон гулугоҳи Малакко (Малайзия, Индонезия) буда, дарозиаш 805 км мебошад.
6. Кӯли чуқуртарини ҷаҳон?
Кӯли чуқуртарини ҷаҳон кӯли Байкал (Россия) мебошад, маоҳаташ 31 722 км², чуқуриаш 1620 метр миқдори обаш 23 млн 615 ҳазор км3 буда дар Россия ҷойгир шудааст.
7. Ҷазира чист?
Пораи хурди хушкие, ки чор тарафашро об иҳота кардааст ҷазира ном дорад. Ҷазираи калонтарин дар Ҷаҳон Гренландия буда, масоҳаташ 2,1 млн км² мебошад.
8. Нимҷазира чист?
Пораи хушкие, ки се тарафашро об иҳота кардааст нимҷазира ном дорад. Нимҷазираи калонтарин дар ҷаҳон нимҷазираи Арабистон буда, масоҳаташ 3 млн км² мебошад.
9.Масоҳати Тоҷикистон ба чанд баробар аст?
Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон 143,1 ҳазор км мураббаъро ташкил медиҳад.
10.Миқёс чист?
Хурд карда нишон додани маҳалро дар рӯи қоғаз миқёс меноманд. Миқёс се намуд мешавад: ададӣ, хаттӣ ва номӣ.
11.Уфуқ чист?
Хатти ростеро, ки зоҳиран аз осмон ба Замин омада мерасад уфуқ меноманд. Уфуқ чор тараф дорад: Шимол, Ҷануб, Ғарб ва Шарқ.
12.Глобус чист?
Модели курашаклии Заминро глобус меноманд. Аввалин бор глобусро олими немис дар асри XVI (16) Мартим Бехайм ихтироъ кардааст.
13.Масоҳати кураи Замин чӣ қадар аст?
Масоҳати кураи Замин 510 млн км² буда, аз ин миқдор 361 млн км² –ро об ва 149 млн км²-ро хушки ташкил медиҳад. Агар инро мо ба фоиз (%) гардонем 71%-ро об ва 29%-ро хушкӣ ташкил медиҳад.
14.Геосфера чист?
Геосфера аз калимаи юнонӣ гео-«замин» сфера-«кура» мебошад. Геосфера аз қабатҳои зерин иборат аст: атмосфера, биосфера, гидросфера, литосфера, мантия ва ядро.
15.Гейзер чист?
Гейзер аз калимаи испанӣ гирифта шуда, маънояш «фавора задан» мебошад. Гейзери калонтарин дар ҷахон Векликан дар нимҷазираи Камчатка ҷойгир буда баландиаш 50 метр мебошад.
16.Релеф чист?
Ноҳамвориҳои сатҳи Заминро релеф меноманд. Релеф аз калимаи фаронсавӣ гирифта шуда, маънояш «ноҳамвор» мебошад.
17.Кӯҳ чист?
Барҷастагии хушкие, ки баландиаш аз 200 метр зиёд буда, дорои қулла, нишебӣ, ва доманаҳо аст, кӯҳ номида мешавад.
18.Кӯл чист?
Чуқурии табииеро, ки дар он миқдори зиёди об ҷамъ шудааст, кӯл меноманд. Кӯли калонтарин дар ҷаҳон кӯли Каспий (Хазар) буда, масоҳаташ 396 ҳазор км2 мебошад.
19.Атмосфера чист?
Атмосфера (калимаи юнони буда «атмос»-буғ, газ «сфера»-курра мебошад) табақаи ҳавоест, ки Заминро иҳота кардааст.
20.Бод чист?
Ҳаракати уфуқии ҳаворо бод меноманд.
21.Иқлим чист?
Режими бисёрсолаи обу ҳавое, ки ба ягон маҳал хос аст иқлим ном дорад.
22.Тоҷикистон аз тарафи шимол бо кадом давлат дар масофаи чанд километр ҳамасарҳад аст?
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Шимол бо Қирғизистон ба масофаи 630 км ҳамсарҳад мебошад.
23.Чанд фоизи масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол кардаанд?
93-фоизи масоҳати Ҷумҳурии Тоҷкистонро кӯҳҳо ишғол кардаанд.
24.Тоҷикистон аз ҷиҳати маъмурию сиёсӣ чӣ гунна тақсим шудааст?
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати маъмурию сиёсӣ ба ду вилоят як вилояти худмухтор ва ноҳияҳои тобеи ҷуҳурӣ тақсим мешавад .
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6