1.География чист?
География калимаи юнонӣ («гео»-Замин, «графо»-менависам) буда, маънояш «тавсифи Замин» мебошад. Вай аз илмҳои бо ҳам алоқаманди табиӣ -географияи табиӣ ва ҷамъиятии географияи иқтисодию иҷимоӣ иборат аст.
2.Географияи табиӣ чист?
Географияи табиӣ қонунияти сохт ва таркиби сатҳи Замин, қабатҳои поёнии атмосфера, гидросфера, хок, олами наботот ва ҳайвоноти сатҳи Заминро меомӯзад.
3.Географияи иқтисодӣ чист?
Географияи иқтисоди аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ, ҷойгиршавии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, шароит, хусусиятҳои соҳаҳои алоҳида ва инкишофи онҳоро дар миқёси ҷаҳон ва мамлакатҳои алоҳида меомӯзад.
4.Дар ҷаҳон зиёда аз чанд давлат (мамлакат) мебошад?
Алҳол дар кураи Замин (дунё, ҷаҳон) зиёда аз 230 давлат мебошад, ки калонтарин давлат дар ҷаҳон аз ҷиҳати масоҳат Федератсияи Россия мебошад, ки масоҳаташ 17,1 млн км² аст.
5.Қитъаи олам чист?
Материк ё як қисми материкро бо ҷазираҳои ҳамшафаташ қитъаи олам меноманд. Дар кураи Замин 6-то қитъа ҷойгир шудааст.
1.Осиё масоҳаташ 44 млн км²
2.Амрико масоҳаташ 42 млн км²
3.Африқо масоҳаташ 30,3 млн км²
4.Антарктида масоҳаташ 14 млн км²
5.Аврупо масоҳаташ 10 млн км²
6.Австралия масоҳаташ 7 млн км²
6. Материк чист?
Қитъаи калони хушкие, ки чор тарафашро об иҳота кардааст материк меноманд. Дар ҷаҳон 6-то материк мебошад. Номи материк Масоҳат млн(км²) Чанд % хушки Аҳолӣ Чанд % аҳолӣ
1. Авруосиё 54 26,1 % 4 947 млн. н 71 %
2. Африқо 30, 3 20.4 % 1 022 234 000 15 %
3. Амрикои Шимолӣ 24, 4 16.5 % 542 056 000 8 %
4. Амрикои Ҷанубӣ 18 12.0 % 392 555 000 6 %
5. Антарктида 14 9.2 % —- —
6. Австралия 9 5.9 % 29 127 000 0.4 %
7.Уқёнуси ҷаҳонӣ чист?
Тамоми обҳое, ки дар сайёраи Замин ҷойгиранд уқёнуси ҷаҳонӣ меноманд. Масоҳати уқёнуси ҷаҳонӣ 361 млн км² буда 94%-и оби кураи Заминро ишғол кардааст. Уқёнуси ҷаҳониро ба чор уқёнуси дигар ҷудо мекунанд:
1. Уқёнуси Ором масоҳаташ 180 млн км², миқдори обаш 710,36 млн км3
2. Уқёнуси Аталантика масоҳаташ 95 млн км², миқдори обаш 329,66 млн км3
3. Уқёнуси Ҳинд масоҳаташ 75 млн км² , миқдори обаш 282,65 млн км3
4. Укёнуси Яхбастаи Шимолӣ 13,1 млн км², миқдори обаш 18,07 млн км3
8. Халқият чист?
Одамоне, ки дар як ҳудуд зиндагӣ мекунанд, бо як забон ҳарф мезананд ва маданияти умумӣ доранд, гурӯҳи устувори ташаккулёфтаи таърихиро ташкил мекунанд халқият ё миллат номида мешавад.
9. Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар аст?
Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон 143,1 ҳаз км² буда 93%-ро кӯҳҳо ва 7%-ро ҳамвориҳо ишғол кардаанд. Қариб 50%-и масоҳати ҶТ дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр (Балтика) ҷойгир шудааст. Қуллаи баландтарини Тоҷикистон Исмоили Сомонӣ мебошад, ки 7495 метр баландӣ дорад.
10. Шумораи дарёҳои Тоҷикистон?
Дарёҳое, ки дарозиашон аз 10 км зиёд мебошад шумораашон ба 947-то мерасад. Дарозии умумии дарёҳои Тоҷикистон 28 500 км мебошад. Яке аз дарёи дарозтарин ва серобтарини Тоҷикистон дарёи Панҷ буда, 921 км дарозӣ масоҳати обғундориаш (ҳавзааш) 114 ҳазор км² мебошад.
11. Нуқтаҳои канории Тоҷикистонро номбар кунед?
1. Аз тарафи Шимол қаторкӯҳи Қурама
2. Аз тарафи Ҷануб соҳили дарёи Панҷ
3. Аз тарфи Ғарб қатокӯҳи Зарафшон
4. Аз тарафи Шарқ қаторкӯҳи Сарикӯл
12. Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чи қадар аст?
Аҳолии Ҷумҳирии Тоҷикистон зиёда аз 8 млн нафар мебошад.
13. Қӯллаи баландтарини ҷаҳон чӣ ном дорад ва дар куҷо ҷойгир шудааст?
Қуллаи балантарини ҷаҳон номаш Ҷомолунгма (Эверест) баландиаш 8848 м. дар кӯҳҳои Ҳимлолой (Непал ва Хитой) ҷойгир шудааст.
14. Ҷои пасттарини ҷаҳон аз сатҳи баҳр куҷост ва дар куҷо ҷойгир шудааст?
Ҷои пасттарини ҷаҳон аз сатҳи баҳр баҳри Мурда мебошад аз сатҳи баҳр -405 метр паст мебошад, дар сарҳади давлатҳои (Фаластин, Исроил, Иордания) ҷойгир шудааст.
15. Ҳамвории калонтарини ҷаҳон?
Ҳамвории калонтарини ҷаҳон Сибири Ғарбӣ буда, масоҳаташ қариб 3 млн км² мебошад дар Россия ҷойгир шудааст.
16. Биёбони калонтарини ҷаҳон?
Биёбони калонтарини ҷаҳон Саҳрои Кабир (Сахара) мебошад масоҳаташ 8,6 млн км², дар мамлакатҳои (Алҷазоир, Ливия, Миср, Судон, Мали, Тунис, Нигер, Марокаш) ҷойгир шудааст .
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4