ки аҳли
шаҳри зебои Мадинаи
мунаввара
буданд, ба Туркия сафар
карданд то ба
роҳатӣ ва озодӣ аз нӯшидани
шароб
лаззат бибаранд. Замоне, ки ба
Истанбул рафтанд, онҳо барои
иқомат
ба меҳмонхона рафтанд.
Меҳмондории
он ҷо ҳангоми сабти
мушахассот аз онҳо
пурсид, аҳли куҷо ҳастед? Яке
аз он ду
ҷавон ҷавоб дод: Мадинаи
мунаввара.
Меҳмондор бисёр хушҳол шуд
ва иттифоқи махсусе барои ин
меҳмонон
вижа дар назар гирифт, то ба
ин васила
бо икром аҳолии Мадина
таъзиму
эҳтироми худро ба соҳиби
Мадина (с) ба
ҷо биоваранд. Ин ду ҷавон, ки
фурсати
хубе барои онҳо фароҳам шуда
буд, он шаб то дер вақт ба
шаробнӯшӣ машғул
буданд, ки яке комилан
мадҳуш ва
дигаре ниммадҳуш ба хоб
рафтанд.
Субҳ ҳангоме ногаҳон яке аз
онҳо бо
садои дар аз хоб бедор шуд, бо
чашмони нимбаста дарро боз
кард ва дид, ки меҳмондор аст
ва мегӯяд:
имоми ҷамоат аз ташриф
овардани
шумо ба ин меҳмонхона
хабардор шуда
ва хостааст, ки намози субҳро
ба
имомати шумо, ки аҳли
Мадинаи
мунаввара ҳастед, адо кунем.
Мо дар намозхонаи
меҳмонхона мунтазири
шумо ҳастем. Ин ҷавон, ки ба
ҳаяҷон
афтода буд, фавран дӯсташро
бедор
кард ва аз ӯ пурсид: оё чизе аз
Қуръонро ҳифз дорӣ? Аммо
дӯсташ ҳам
чизеро намедонист, ки
битавонад имоми ҷамоат
шавад, он ду ба ҳамин
сурат дар ҳоли фикр буданд, ки
чи тавр
аз ин масалаи мушкил худро
наҷот
диҳанд. Ногаҳон садои дар
баланд шуд,
меҳмондор буд, ки садо мезад:
мо
мунтазири шумо ҳастем,
бишитобед вақти намоз дорад
таъхир мешавад. Он
ду босурат ба ҳамом рафтанд
ва ғусл
карданд ва ба сӯи намозхона
рафтанд.
Аҷиб саҳнае буд, гӯё мардум
барои
намози ҷумъа омадаанд.
Чамъияти бисёр
бузурге ҷамъ шуда буданд ва
ба он ду ҷавон салом
мегуфтанд. Яке аз он ду
барои имомат пеш даромад ва
ҳамин,
ки такбир гуфт ва сураи
Ҳамдро шуруъ
кард, мардум ҳама ашк
мерехтанд ва ба
ёди Масҷидул Набӣ ба гиря
афтоданд.
Ин ҷавон ҳам, ки дигар тобу
таҳамул барояш боқӣ намонда
буд, бо чашмони
ашколуд сураи Ҳамду Ихлосро
хонд.
Баъд аз намоз мардум он ду
ҷавонро ба
оғуш мегирифтанд. Ин саҳна
боиси
ҳидоят ва роҳёбии ин ду ҷавон
шуд. Ва
акнун онҳо ду даъватгар ва
диндор ҳастанд. Гоҳе Аллоҳ
таоло масири
иштибоҳро ҳам сабаби ҳидоят
мекунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев