Ҳазрат(с) ба қавми
худ ҳангоми вафоти
Абутолиб Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст,
ки мегўяд:
- Ҳангоме, ки Абутолиб бемор
шуд, гурўҳе аз
сарони Қурайш назди ў
омаданд ва Абуҷаҳл низ ҳамроҳи эшон буд. Онҳо
гуфтанд:
- Бародарзодаи ту маъбудҳои
моро таҳқир карда ва
чунину чунон мегўяд. Кош
ўро назди худ мехондӣ ва аз ин кор манъаш мекардӣ.
Абутолиб нафареро равон
кард ва Паёмбар (с)-ро
ба назди худ хонд. Паёмбар
(с) дохили ҳуҷра шуд ва
байни нишастагон ва Абутолиб миқдори ҷои
нишасти
як шахс холи буд.
Рови мегўяд:
- Абучахл хавф бурд, ки агар
Паёмбар (с) дар пахлўи амакаш Абутолиб
нишинад, ў нармдил
мешавад, аз ин рў дархол аз
чояш часта хест ва он чо
нишаст.
Паёмбар (с) назди амакаш Абутолиб чои нишаст
наёфта, назди дар нишаст.
Абутолиб ба вай гуфт:
- Эй бародарзодаам, барои чӣ
қавмат аз ту
шикоят доранд ва даъвогаранд, ки ту Худоҳои
эшонро
дашному носазо мегўӣ?
Ровӣ мегўяд:
- Чун дар борааш бисёр
суханҳо гуфтанд, Паёмбар (с) билохира оғози
сухан намуда гуфт:
- «Эй амак, ман аз эшон танҳо
гуфтани як
калимаро мехоҳам, ки дар
натиҷаи он ҳамаи араб тобеъи онҳо мешаванд ва
ҳамаи аҷам ҷизяпардозашон
мегарданд».
Аз ин суханони он Ҳазрат (с)
онхо дар харос
афтода гуфтанд: - Танхо як калима!!
- Садақаи сари падарат, як не
даҳ калима бигўй
Сипас қавм гуфтанд:
- Чист он калима?
Абутолиб гуфт: - Эй бародарзода, чист он як
калима?
- Паёмбар (с) гуфт:
- «Ло илоҳа иллаллоҳ».
Қавм, пас аз шунидани ин
калима ҳаросон аз ҷой бархоста доманҳояшонро
афшонда ва (суханеро, ки
Худованд, дар сураи «Сод»,
ояти 5, ҳикоятан аз забони
онҳо овардааст) мегуфтанд: «Оё ҳамаи маъбудонро
Худои якто
гардонидааст? Ва ҳароина, ин
чизи аҷиб аст?».
(Сураи Сод, ояти 5) Ровӣ гуфтааст:
- Аз ин, яъне ҳамин ояти
(панҷуми сураи «Сод») то
охири ояти «бал ламмо язуќу
ъазобӣ» (яъне, балки
ҳанўз азоби Маро начашидаанд) нозил
шудааст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев