Шахсе аз ҳисоби худаш барои мардум копрук сохта дод ва аз он копрук гузаштанро пулаки карда 1 дирҳам нарх кард. Мардум аз он копрук пул дода мегузаштанд-у, ба ҷои раҳмат, он бойро сарзаниш карда: "Бахил, хасис, копрука сохтаю аз мардум пул кор карда истода аст, фалону беҳмадон" гуфта уро ҳар гап мегуфтанд. Мардум ҳар руз уро бо забонашон сарзаниш ва маломат мегуфтанд.
Рузе бой бемор шуда аҷалаш наздик шуд. Писарашро даъват карда ба вай васият карда гуфт:
"Эй писарам, ба мардум ҳамин қадар хуби карда копрук созам, боз маро сарзаниш карданду ҳар гапҳо гуфтанд. Ту баъд аз вафоти ман коре кун, ки мардум ба ман раҳмат гуянд". Чунин васият карда, вафот кард бой.
Писари бой баъд аз вафоти падараш, нархи он копрукро бар акс бардошта 3 дирҳам кард. Акнун мардум ба ҷои 1 дирҳам ҳар боре гузаранд 3 дирҳам медоданд ва ҳар боре мегузаштанд боз мегуфтанд: "Вой барту эй бахил, эй хасис. Ҳеҷ мисли падарат нашуди. Падарат 1 дирҳам мегирифт, ту боши 3 дирҳам мегири, ту ба падарат нарафти хасис" мегуфтанд.
ХУЛОСА:
Бисёри мо хубии инсонҳоро дар вақти зинда буданашон ба қадраш намерасем. Вақте аз у ҷудо шудем, баъд қадри уро медонему фалони ихел буд ухел буд гуфта мегардем. Хубии инсонҳоро баъд аз вафотшон зарари калонтарро дида баъд мефаҳмему ба қадраш мерасем, аммо акнун чи фойда??
Бале, то ҳастам эй рафиқ, надони, ки кистам,
Рузе ба суроқи ман ойи, ки дигар нестам.
Ба қадри як дигар дар зинда буданаш расем.
○ Қори Адам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев