Ҳамон вақт Аллоҳ Таъоло, Ҷабраил (А.а.)-ро ба хидмати Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фиристонд ва он Ҳазрат (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро манъ кард, ки:
Эй Ҳабиби ман, ин саг нест, балки шайтон аст.
Он Ҳазрат (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
Эй Ҷабраил, агар шайтони лаъин аст, низ аз вай мепурсам, ки чаро хун мегиряд, то маро маълум шавад, ки ин лаъин аз чунин гиря, чӣ мурод дорад ва аз кадом кор гиря мекунад.
Пас он Ҳазрат (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
Эй лаин, муҷиби гиряи ту чист?
Шайтони лаъин гуфт:
Эй Хабиби Худо, туро маълум нест, ки ман он чунон илм доштам ё ин ки чунин шогирдонро сабақ медодам, баъд аз ҳафтод ҳазор сол, навбати дигар меомад.
Дар он вақт, мартабаи ”Аятал Курсӣ" дар лавҳи маҳфзу навишта дидам:
"Агар касе як бор Аятал Курсӣ бихонад, ҷони уро Худои Таъоло ба қудрати хеш қабз кунад”.
Эй Расулуллоҳ, хотири ман ҷамъ буд, ки ҳеҷ паёмбарро баҳри уммат ин оят нозил нашуда буд.
Ман умедвор будам, ки тамоми мардум ҳамроҳи ман ба дузах хоҳад рафт ва рафиқи ман хоҳад шуд.
Алҳол ҳайрону парешонам, аз он рузе, ки "Аятал Курсӣ" бар уммати ту нозил шудааст, бинобарин хун аз чашми худ мегирям, чунки хонандаи "Аятал Курсӣ" дар дузах нахоҳад рафт ва рафиқи ман нахоҳад шуд.
Пас эй муъмин, маълум кун ва ёд дор, ки Худои Таъоло инчунин шараф дар "Аятал Курсӣ" андохта, лозим аст, ки шабу руз онро бихонӣ ва ба ғафлат набошӣ.
Ва қавли шайтони раҷим, ки мисли ман ҳафтод ҳазор шайтон ҷамъ шавад, хонандаи "Аятал Курсӣ"-ро гумроҳ натавонад кард.
Пас, эй муъмин, бидон дар он руз, ки Аллоҳ Таъоло "Аятал Курсӣ"-ро фиристод, он руз Ҳазрати Ҷабраил (А.с.) бо ҳафтод ҳазор фаришта барои ёрӣ назди Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) омада буд.
Ҳар ки "Аятал Курсӣ"-ро баъд аз Намози панҷвақта бихонад, дар Биҳишт дарояд бо баракати ин калом.
Касе, ки амал мекунад, Аллоҳ Таъоло дари Биҳиштро барояш боз гардонад.
Валлоҳу аълам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1