разиялЛоҳу
анҳу ривоят аст ки: Паёмбари
Худо Саллаллоҳу ъалайҳи
вассаллам фармуданд: Дар
саҷда будан, наздиктарин
ҳолати банда бо Худост пас
дар он дуъои бисёр бикунед.
(Саҳеҳ Муслим 482)
Аз Абу Ҳурайра РазиялЛоҳу
анҳу ривоят аст ки Расули
Худо СаллалЛоҳу Ъалайҳи ва
саллам фармуданд:
Намозҳои панҷгона ва Ҷумъа
то Ҷумъаи дигар ва Рамазон
то Рамазони дигар боиси
бахшиши гуноҳони дар
байнашон воқеъ шуда
мегарданд ба шарте ки аз
гуноҳони кабира дӯрӣ ҷӯяд.
( Саҳеҳ Муслим 223 )
Аз Абу Ҳурайра РазиялЛоҳу
анҳу ривоят аст ки Расули
Худо СаллалЛоҳу Ъалайҳи ва
саллам фармуданд: Шахсе ки
ба масҷид рафту омад кунад
Худованд барои ҳар рафту
омади Ӯ зиёфатеро барояш
дар Ҷаннат омода месозад.
( Саҳеҳ Бухорӣ 631 Саҳеҳ
Муслим 669 )
Аз Абу Ҳурайра РазиялЛоҳу
анҳу ривоят аст ки Расули
Худо СаллалЛоҳу Ъалайҳи ва
саллам фармуданд: Шахсе ки
сарашро пеш аз имом
мебардорад оё наметарсад
ин ки Худованд сарашро ба
сари хар табдил намояд.
( Саҳеҳ Бухорӣ 691 Саҳеҳ
Муслим 427)
Аз Абу Ҳурайра РазиялЛоҳу
анҳу ривоят аст ки Расули
Худо СаллалЛоҳу Ъалайҳи ва
саллам фармуданд: Касе ки
то намози ҷанозаро гузорида
шудан, ҳозир шавад , ба ӯ ба
андозаи як "қийрот" савоб
аст. Ва касе ки то анҷоми ба
хок супоридан, ҳозир шавад ,
ба ӯ ба андозаи ду "қийрот"
савоб аст.
Шахсе гуфт : ду қийрот чист?
Гуфтанд: - Ду куҳи бузург .
( Саҳеҳ Бухорӣ 1325 Саҳеҳ
Муслим 945)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев