Дар сарҳади Тоҷикистону Кирғизистон воқеаи ба амал омада, ки ҳар як фарди ватандору ватандустро бетараф гузошта наметавонист. Дар чунин вазъият ҳар як инсони бо нангу номуси миллат, ки эҳсоси ватандустиву худшиносии милли ғурури миллиро доро мебошад.
Изҳори назари раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар бораи баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон, ба қавли бархе таҳлилгарон, метавонад баёнгари вуҷуди ихтилофҳои ҷиддӣ дар музокираҳои байни ду кишвар бошад. Баҳси солҳост идома доранд. Баъди ба сари қудрат омадани Садир Ҷапаров ва Камчибек Тошиев, ки оид ба санадҳои муҳими байни давлатӣ маълумоти кофи надоранд ва худсарона даъвоҳои бепоя дошта, худ ва обруи кишварашро мавриди хандахариши таърихшиноси минтақа қарор дод.
Масъалаи баҳси сарҳади миёни Тоҷикистон ва Кирғисизтон вақтҳои охир доғи руз гаштааст. Амалҳои ғайриқонунии ҷониби Кирғизистон бори дигар исбот мекунад, ки роҳбарияти ин кишвар аз ӯҳдаи идоракунии давлат баромада натавониста истодаанд. Ҳар вақто, ки дар дохили ин кишвар ҷиҳати ноуҳдабарои роҳбарояташон ҳодисае рух диҳад ҳамоно барои баланд бардоштани имиҷи худашон роҳу хушунату ногувор кардани вазъиятро дар сарҳад пеш меоранд. Аммо сарфи назари аз иродаву зарфиятҳо ва таҷрибаи ибратомӯзи роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дари барраси амниятӣ дар минтақа, боз ҳам дар ҳамлу фасли масъалаҳои марзи бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва пешгирӣ аз ҳама гуна муноқишаҳо дар минтақаҳои ҳамсарҳад бо ин кишвар, ҷомеа ва давлати мо имтиҳони ҷидди дар пеш аст. Аслан ин гуна даъвоҳои баасоси Садир Ҷапаров ва Қамчибек Ташиев ҳама гуна баҳсу муноқишаҳо ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои баҳс бо нафаре мебошад, ки фаҳму фаросати шунидани ҳарфи моро надорад. Мутаасифона ин ҳақиқати талх барпо мушоҳида мешавад, ки бинобар ноустувориҳои дар арсаи давлатдори сатҳи дипломатия дар кишвари ҳамсояи мо аз фарҳангу сиёсати роҳбарии сиёсатмадори донишманд Аскар Акаев то президенти кунунии Садир Ҷапаров поён рафтааст. Зеро мардуми ду кишвар бо ҳам дӯсту ҳамсоя итминони комил доранд, ки баъзан баёниҳои беасосу бепоя, ки аз Ҷониби Қамчибек Ташиев ва дигарон садо медиҳад ифодагари марому арзишҳои мардумони ин кишвар нест.
Дар воқеъ тахрихи 30 соли соҳибистиқлоли кишварҳои Осиёи Миёна собит намуд, ки роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли ҷумла мусоили байни давлатӣ намунаи ибрат ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон раванди сулҳи тоҷикон, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беназир созиш овардан арзёби гашта Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳовар ва ташаббускору пешоҳанг дар ҳалли мушкилиҳои амниятӣ дар минтақа муаррифи намуд.
Шарифов И,
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев