Аз ҳар гӯшаи деҳа мардуми зиёд ҷамъ омада буданд. Ман аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам ва чизеву касеро фикр накарда ду даста қарсак мезадаму девонавор дар ҷоям мерақсидам. Шаҳзод чашм аз ман намеканд. Суруди «О Лайлиҷон» ҳеҷ аз ёдам намеравад, аз ин таронааш ба ваҷд омада, ба саҳна баромадаму дар паҳлӯяш истода, дасташро фишурда акс гирифтам. Мани шайдо то охири маърака бо чашмакзаниву девонагӣ ба сӯйи Шаҳзод бӯсаҳои ҳавоӣ фиристодам. Баъди анҷоми тӯй ба хона омада зери шаттаву шаллоқи аҳли хонаводаамон мондам. Бародаронам тайёқи бобогиро дар баданам майда карданд. Як ҳафта мурдаву маслуқ барин хоб кардам. Кош бо Шаҳзоб акс намегирифтам! Пушаймонам, вале пушаймонӣ дигар суд надорад. Наргис, аз н. Ҳисор
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев