Касе ки бо мушкили бихонад ва дар хонданаш заҳмат бикашад албатта Аллоҳ таъоло барояш савоби бузурге ваъда карда аст.
Ҳазрати Оиша (р.з) ҳадисеро ривоят карда аст, ки дар он Паёмбари Худо (с) мефармояд:
عن عائشة – رضي الله عنها- قالت: قال رسول الله - صلى الله عليه وسلم -: "الذي يقرأ القرآن وهو ماهر به مع السفرة الكرام البررة, والذي يقرأ القرآن ويتعتع فيه وهو عليه شاق له أجران" متفق عليه.
“Касе ки Қуръонро мехонад, дар ҳоле ки дар он маҳорат дорад (онро ба осони мехонад) ҳамроҳи фариштагонест, ки сафирони Худо ба сӯи Паёмбаронаш буда, бузургвор ва фармонбардоранд, ва касе ки Қуръонро мехонад, ва дар хондани он мушкили мекашад ва канда канда онро тиловат мекунад, барои ӯ ду савоб аст (яъне савоби хондан ва савоби машаққате ки дар хондани он таҳаммул мекунад)”. (Муттафақун алайҳ)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев