Дунё бо тамоми рангу ороиш ва зиннати худ бар мо руй овардааст. Он гунае, ки дину охирати худро ба матоъи ками он фурухтем. Муҳаббати онро тавре нушидаем, ки дар ҳар узви баданамон ва рагҳоямон ҷорӣ аст. Ба умри кутоҳ , ба пулу доллари он, ба рангу равғ ану мошини зебо ва ба сохтмонҳои мармарии он дилбастем. Ба ширинӣ ва барқи матоъи он фиреб хурдем. Ба сози он рақсидем. Ба луқмаи ҳароми он худро аз меҳри Парвардигор маҳрум кардем ва бехудоёнро лаббайк гуфтем. Барои ба даст овардани мақому мансаби он хуни бегуноҳонро рехтем. Ба айши гузарои он фиреб хурдем. Сохтмонҳо ва бинои он, дарахтону сарсабзии наҳрҳ ои он, фарзанд, қудрат, мансаби он чашми дили моро нобино кард. Ба гунае, ки ҳеч чизро ба ғайри он надидем. Ин дунё монанди пиразане ҳазорон домоди моро аз Парвардигорамон дур кард. Дар гуноҳ он ғарқ шудем. Шайтон моро фиреб дод. Худоро ба масхара гирифтем. Ба хотири ризои нафс Офаридгорро норозӣ кардем. Ба хотири зиндагии дунё айши охиратро аз даст додем. Ба хотири шодии дустону фарзандон худро аз шодии охират маҳрум кардем. Во ҳасрато!!! Во асафо!!! Во надомато!!! Афсус сад афсус, ки ҳар он чиро, ки бояд мекардем накардем.
____________________________________
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев