Оё садои маргро шунидаӣ ва қабрро дидаӣ ? Дустон ва хешони худро бо дастҳоят ба гур супоридаӣ ? Марги онҳоро мушоҳида кардаӣ ? Чи гуна аз қасрҳо ба қабрҳо интиқол ёфтанд. Аз нури манзил ба торикии қабр. Аз оғуши гарми хонавода ба оғуши кирмону ҳашарот манзил гирифтаанд. Аз бистарҳои нарм ба хоки хунуки қабр мунтақил шудаанд. Аз канори шумо ба ҳамсоягии мурдагон куч бастаанд. Рузе канори қабрашон фарёд бизан! Аз онҳо бипурс! Аз лашкару дороияшон савол кун! Аз забоне, ки бо он ҳарф мезаданд, бипурс! Аз зуру қудрати онҳо. Аз хашму ғурриши онҳо бипурс! Аз такаббуру ғурури онҳо бипурс! Ҳатман бо оҳу ҳасрат хоҳанд гуфт: Мо фиреб хурдем. Зарар кардем. Ғофил мондем… Пас дусти азиз! то кай дар ғафлат ва нофармонии Аллоҳ ? То кай фармонбардори шайтон ва нафс будан? Оё вақти он нарасидааст, ки дили санггаштаро ба тавба нарм кунем. Ба Худо бозгардем.
" ﺃَﻟَﻢْ ﻳَﺄْﻥِ ﻟِﻠَّﺬِﻳﻦَ ﺁﻣَﻨُﻮﺍ ﺃَﻥ ﺗَﺨْﺸَﻊَ ﻗُﻠُﻮﺑُﻬُﻢْ ﻟِﺬِﻛْﺮِ ﺍﻟﻠَّﻪِ ﻭَﻣَﺎ ﻧَﺰَﻝَ ﻣِﻦَ ﺍﻟْﺤَﻖِّ "
«Оё мусалмононро вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон ба зикри Худо ва он чи Худованд нозил кардааст, ниёиш кунанд?» Оре, вақти он расидааст, ки ҳамагӣ ба суи Худо бозгашт кунем ва уро ниёиш кунем, ки моро мавриди омурзиш қарор диҳ ад, пеш аз он ки марг ин фурсатро аз мо бигирад. Марг фақат як бор бар ту нозил мешавад. Мол, ҷавонӣ , мақому мансаб садди роҳи у нахоҳанд шуд. Пас эй ғофил қатори тавбаро савор шав, пеш аз он, ки аз истгоҳ дур шавад. Аз он рузҳое, ки аз умрат гузаштааст ва ба он чи Худо додааст мағрур мабош, бақияи умрат низ чунин хоҳад гузашт. Накунад хоб бошӣ ва замоне бедор шавӣ , ки дер шудааст. Чун инсон бимирад аз Худо дархости бозгашт мекунад ва чунин ҷавоб мешунавад:
" ﺣَﺘَّﻰٰ ﺇِﺫَﺍ ﺟَﺎﺀَ ﺃَﺣَﺪَﻫُﻢُ ﺍﻟْﻤَﻮْﺕُ ﻗَﺎﻝَ ﺭَﺏِّ ﺍﺭْﺟِﻌُﻮﻥِ ( 100 ) ﻟَﻌَﻠِّﻲ ﺃَﻋْﻤَﻞُ ﺻَﺎﻟِﺤًﺎ ﻓِﻴﻤَﺎ ﺗَﺮَﻛْﺖُ ۚ ﻛَﻠَّﺎ ﺇِﻧَّﻬَﺎ ﻛَﻠِﻤَﺔٌ ﻫُﻮَ ﻗَﺎﺋِﻠُﻬَﺎ ۖ ﻭَﻣِﻦ ﻭَﺭَﺍﺋِﻬِﻢ ﺑَﺮْﺯَﺥٌ ﺇِﻟَﻰٰ ﻳَﻮْﻡِ ﻳُﺒْﻌَﺜُﻮﻥَ "
«Ҳаргоҳ , ки бирасад яке аз эшонро марг бигуяд; Эй Парвардигори ман маро ба дунё бозгардон, то дар он корҳое, ки тарк кардам амали солеҳ анҷом диҳам. На , ҳаргиз. Ин суханест, ки вай гуяндаи он аст ва дар пеши руи онҳо барзах аст то рузи қиёмат» Пас эй дусти азиз, ҳамин имруз, на ҳамин соате, ки ин қисматро мутолиа мекунӣ бархез ва аз самими дил ба суи Худо баргард. Бар гуноҳони гузаштаи худ ва бар умри беҳуда гузаронидаи худ Худоро истиғфор бикун! Мутаассифона зиёде аз истиғфорҳои мо аз ҳалқ поёнтар намеравад, то ба дил бирасад. Истиғфор ва талаби бахшиши гуноҳо мекунем дар ҳоле, ки дилҳои мо пур аз кина аст. Истиғфор мекунем дар ҳоле, ки ба дунё фикр мекунем. Ба забон истиғфор мекунам дар ҳоле, ки дилҳои мо аз ин бозгашт ва истиғфор бехабаранд. Худованд бо касе душманӣ надорад. Ҳама гунаҳ короне, ки тавфиқ и ибодат аз онҳо дур шудааст ва аз тангии ризқ шикоятманданд ва ғаму андуҳ ва мусибатҳо онҳоро ҳуҷум онҳоро дарбар гирифтааст, ҳамаи инҳо натиҷаи киштест, ки худи онҳо коштаанд.
" ﻭَﻣَﺎ ﺃَﺻَﺎﺑَﻜُﻢ ﻣِّﻦ ﻣُّﺼِﻴﺒَﺔٍ ﻓَﺒِﻤَﺎ ﻛَﺴَﺒَﺖْ ﺃَﻳْﺪِﻳﻜُﻢْ ﻭَﻳَﻌْﻔُﻮ ﻋَﻦ ﻛَﺜِﻴﺮٍ "
«Ва ҳар мусибате, ки ба шумо мерасад пас ба сабаби гуноҳоне аст, ки аз дастони худатон сар мезанад, ва дар мегузарад аз бисёре» сураи «Шуро» ояти 30. Агар охирин нафари дунё бошӣ марг туро дармеёбад. Афсус ва ҳасрат бар он руз, ки марг бирасад ва тавба накунӣ . Афсус бар ту, ки ба тавба даъват шавӣ , аммо иҷобат накунӣ . Ҳеч оқиле ба хотири дунё охирати худро вайрон намекунад. Пас ҳамин акнун бархез бо ирода ва ҳиммати боло, бо яқини комил ба суи дусти меҳрубон ва дар интизори ту буда баргард. Мутмаин бош, ки беҳтарин лаҳзаи зиндагии ту фироқ ва дурӣ аз гуноҳон аст. Беҳтарин лаҳзаҳо лаҳзаи сар ба саҷда ва рукуъ гузоштани туст. Лаҳзаи дуо ва лаҳзаи анҷоми амали хайр аст. Беҳтарини лаҳза лаҳзаест, ки дуои туро Худованд бипазирад ва нлми туро дар руйхати бузургону шукргузорон бинависад. Дар руйхати касоне, ки чун чашм фуру банданд бо Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи вассалам) ва ёронаш дастфишорӣ ва рубусӣ мекунанд.
ﻭَﻣَﻦ ﻳُﻄِﻊِ ﺍﻟﻠَّﻪَ ﻭَﺍﻟﺮَّﺳُﻮﻝَ ﻓَﺄُﻭﻟَٰﺌِﻚَ ﻣَﻊَ ﺍﻟَّﺬِﻳﻦَ ﺃَﻧْﻌَﻢَ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻠَﻴْﻬِﻢ ﻣِّﻦَ ﺍﻟﻨَّﺒِﻴِّﻴﻦَ ﻭَﺍﻟﺼِّﺪِّﻳﻘِﻴﻦَ ﻭَﺍﻟﺸُّﻬَﺪَﺍﺀِ ﻭَﺍﻟﺼَّﺎﻟِﺤِﻴﻦَ ۚ ﻭَﺣَﺴُﻦَ ﺃُﻭﻟَٰﺌِﻚَ ﺭَﻓِﻴﻘًﺎ
«Ва он шахсе, ки итоати Худо ва Паёмбарашро кунад, албатта бо касоне, ки Худованд бар онҳо неъмат додаст, яъне бо паёмбарон ва сиддиқон ва шаҳидон ва некукорон маҳшур хоҳанд шуд ва инон неку рафиқоне ҳастанд».
____________________________________
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев