а.с)
Чанд сол пеш матлабе роҷеъ ба саҳнаҳои романтики зиндагии Пайғамбар саллалоҳу ъалайҳи ва саллам нашр карда будам #(http://www.bonuvon.tj/inde…/…/islom/1204-2012-11-30-14-04-04). Ва бо гузашти чор сол аз нашри он, тозагиҳо аз дасти маҳбубе дар Вотсапам набиштаи зебоеро дар ҳамин робита дастрас кардам, ки ҳовии ривоёту нукоте буд, ки дар мақолаи ман омада буд. Танҳо тафовуте, ки дар матлаби он азиз дидам ин буд, ки дар қатори ривоёти ҳоқи аз саҳнаҳои романтики он Бузургвор (с.а.с) аз ҷумла марги ҳазрати Расули Акрам (саллалоҳу ъалайҳи ва саллам) ро низ дарҷ карда буд, ки нуктаи хеле ҳам муҳимме ҳаст.Мо тоҷикон ва дар умум мусулмонҳо "чигуна мурданро" хеле муҳим медонем. Вақте як касе дар саҷдаву намоз, дар шаби ҷумъа, ё дар масҷиду вақти ъибодат, ё бо даҳони рӯзадор, ё дар Маккаву Мадина ва сарзаминҳои муқаддаси мусулмонон бимирад инро аломати қабул ва хушмурдани он шахс мепиндорем.Интернет низ суратҳои фаровони мурдаҳои мусулмон дар ҳоле, ки ангушти ишоравӣ ба боло доранду ҷон додаанд ва ё онҳое, ки чеҳраи пуртабассум баъди мурданро доранд, дорад.Нишони марди муъмин бо ту гуям,
Ки чун маргаш расад хандон бимирад.
Иқбол.Аз ъаломоти хушмурдан ва беҳмурдани мусулмон якеаш ҳамин аст, ки қабл аз супурдани ҷон калимаи шаҳодат (ашҳаду ал ло илоҳа илаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ) бигуяду бимирад. Дар дуъоҳое, ки мусулмонҳо дар саросари олами Ислом мекунанд низ якеаш ҳамин аст, ки "Бор Худоё охирин сухани моро калимаи шаҳодат бигардон".Яке аз воъзонро боре шунидам, ки мегуфт дар тули зиндагӣ шоҳиди саҳнаҳои ҷонсупории бисёриҳо будааст, вале ками андар кам афродеро дидааст, ки қабл аз мурдан калима арза карда бошанд. Гила низ аз зиёдшавии бадмурданҳо мекард.Солрафтаҳои Покистон хеле зиёд ъумра мераванд ва яке аз дӯстони Покистонӣ боре ба ман гуфт, ки сабабаш ҳамин аст, ки мехоҳанд онҷо ва дар он сарзамини муқаддас ва дар ҳоли сайъу тавофу ва намозу ъибодат бимиранд то мақбули даргоҳи Яздон шаванд.Яке аз ҷавонони мусулмони Русияро пурсиданд, ки чаро ба синамо намеравӣ дар посух гуфта буд, ки метарсам онҷо бимирам ва тобутамро аз синамо берун биёранд."Чигуна мурдан" барои мусулмонҳо аз ин лиҳоз аҳамияти вижа дорад, ки хотимаи зиндагӣ ва ниҳояти марҳилаи ъамалу имтиҳонсупории як мусулмон дар ҷаҳони гузаро аз нуқтаназари ҷаҳонбинии исломӣ аст ва дар ривоят дорем, ки "иннамал аъмолу билхавотим - яъне амалҳоро аз хотимааш баҳо медиҳанд".Дар ҳоле, ки ҳамаи ин саҳнаҳои марг дар саҷдаву сиём ва дар намозу қиём, дар Батҳову Ҳиҷоз, дар Қуръонхониву шабхезӣ ва дигару дигар аломатҳои хушмурдани бандаи муъмин ҳастанд вақте ба чигунамурдани ҳазрати Расули Акрам саллалоҳу ъалайҳи ва саллам менигарем дармеёбем, ки ӯ на дар намозу саҷда ва на дар Ҳараму Каъба, балки дар болини ҳамсари маҳбубаш ҳазрати Оишаи Сиддиқа разияллоҳу ъанҳо доъии аҷалро лаббайк гуфтааст.Ҳамсаре, ки ҳам зебо буду ҳам зирак, ҳам донишманд буду ҳам бо тадбир ва ягона зани бокирае, ки Пайғамбар ба никоҳаш дароварда буд. Бештари саҳнаҳои румонтикеро, ки дар боло ишора кардем низ Пайғамбар алайҳиссалом бо ин модари бузургвори муъминон доштааст. Ва маҳз ба хотири доштани интеллекти баланд ва латофату наҷобати занона Пайғамбар сӯҳбат кардан бо ӯро хеле дуст дошт ба қавли Мавлоно:Он ки олам нақши ҳусни у будӣ,
Каллиминӣ ё Ҳумайро мезадӣ.Ъало кулли ҳол ба ривояти Имом Бухорӣ алайҳи раҳаматуллоҳ Оишаи Сиддиқа (р.а) ривоят мекунад, ки Пайғамбар саллалоҳу ъалайҳи ва саллам вопасин нафасҳояшро дар ҳоле мекашид, ки ба ман такя зада буд ва сари он бузургвор байни синаву гардани ман буд. Наздаш зарфи пур аз об гузошта шуда буд ва ҳар гоҳе дасташро дар он об тар мекарду бар руяш мекашид ва мегуфт, ки "инна лилмавти ласакарот- марг ва ё ҷонканӣ сакароту сахтӣ дорад".
Саҳнаи ҷолиби дигар ин аст, ки вақте Паёмбар дар ҳоли видоъ бо ҷаҳони фонӣ буд Абдураҳмон ибни Абубакр разияллоҳу ъанҳу вориди утоқ мешавад, ки дар дасташ мисвок дорад. Мисвоки дасти у нигоҳи Пайғамбарро ҷалб мекунад ва ҳазрати Оиша мепурсад: Мисвок мехоҳӣ? Пайғамбар бо ишораи тасдиқ сар меҷунбонад ва ҳазрати Оиша мисвокро ба ҳамсари маҳбубаш медиҳад. Аммо зуд мутаваҷҷеҳ мешавад, ки мисвок хушк аст ва ба Пайғамбар мегуяд, ки мехоҳӣ нармаш кунам? Боз ҳам Ҳабиби худо бо ишораи тасдиқ калла меҷунбонад ва модари муъминон он Мисвокро гирифта дар дандонҳои худ мемоладу бо оби даҳонаш нармаш мекунад ва сипас ба Паёмбар медиҳад. Ҳазрати Муҳаммад дандонҳояшро мисвок мезанаду бо арза намудани калимаи шаҳодат дорӣ фониро падруд мегӯяд.Ҳазрати Оишаи Сиддиқа бо ифтихор мегуфт, ки Паёмбар дар ҳоле мурд, ки оби даҳони ман дар даҳонаш буд.Дар оғози кору пайкори Рисолат ва адои амонат Пайғамбарро як такягоҳи муҳиммаш зан буд. Модари муъминон ҳазрати Хадиҷа бинти Хувайлид разияллоҳу ъанҳо, ки сарватмандтарин шахси Макка буд ва тамоми дору надорашро бо ҷабини бозу бо шавқу ҳирс дар пойи даъват ва адои амонату рисолати шавҳараш рехт. Уро дар сахттарин лаҳзаҳову душвортарин марҳилаҳои оғози кор ҳимоят мекард ҳам моддӣ ва ҳам маънавӣ. У шавҳарашро ба ҷон дуст медошт ва дар ъумқи дилаш яқин дошт, ки у сазовор ва арзанди ҳар навъ қурбонӣ аст.Ҷолиб аст, ки дар ниҳояти марҳилаи Рисолат ва адои амонат мебинем, ки Пайғамбар бо такя ба як зан модари Муъминон ҳазрати Оишаи Сиддиқа разияллоҳу ъанҳо ҷон ба Ҷонон супорид.Пас аз ин лиҳоз метавон бар ончӣ дар боло гуфта шуд ин нуктаро низ зам ва изофа намуд, ки дар болини ҳамсари дустдошта ва дар канори хонавода мурдан низ аломати марги хуби як бандаи муъмин аст. Худованд донотарин аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев