Предыдущая публикация
Чу хуморам шиканад вақти саҳар, эй дилбар, Худ нафаҳмам, ки будам масти ту ё ки зи шароб. Ба висолатчу расам нарм кашам дар оғўш, Мисраи шеъри дилам бар ту бихонам, кун гўш. Захми ин сина шифо мегирад аз хандаи ту, Ҳарчӣ гўӣ ту бигў, мешунавам ман хомўш. Як нафас бо ту нишастан ҳама дунёст маро, Хандаи лаъли ту дилҷўю дилорост маро. Бин, ки як ғамзадаам, аз ғами ту мемирам, Нафаси гарми ту ҷонбахшу гуворост маро. Ман, ки ҳастам ба раҳи меҳру вафо содиқи ту, Ба ҳама васфу таманнои дилам лоиқӣ ту. Ёд орамчу ҷамолат биравад сабр зи даст, Дари дил во куну бингар, ки манам ошиқи ту
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев