ШУДААНД
Имом Таҳови дар китоби ақидааш дар бораи офарида шудани биҳишту дӯзах мефармояд:
والجنةُ والنارُ مخلوقتان لا تفنيانِ أبدًا ولا تَبيدان، وأن اللهَ تعالى خلقَ الجنةَ والنارَ قبل الخلق وخلقَ لهما أهلاً، فمن شاءَ منهم إلى الجنة فضلاً منه، ومن شاء منهم إلى النارِ عدلاً منه، وكلٌّ يعمل لمَا قد فَرِغَ له وصائِرٌ إلى ما خُلِق له. والخيرُ والشرُّ مقدرانِ على العباد.
Биҳишту дӯзах офарида шудаанд. Он ду фанонопазир ҳастанд, ва ҳаргиз аз байн намераванд. Худованд биҳишту дӯзахро пеш аз офаридани инсонҳо халқ намуда, барои ҳар кадомаш ёрону ёвароне низ офарида аст.
Ҳар касеро биҳишт мебарад, лутфу фазли Ӯст, Ва ҳаркиро ба дӯзах мебарад, адлу инсофи Ӯст.
Барои ҳамин ҳар кас кореро анҷом медиҳад, ки саросари вуҷуди ӯро дар бар мегирад ва ба ҷое меравад, ки барои он халқ шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки неки ва бади дар сарнавишти инсонҳо муъаян шудааст.
Муҳаммад ибни Ҳанафӣ шориҳи ақидаи Таҳови дар тафсири матлаби боло мефармояд:
«ان الجنة و النار مخلوقتان»
Тамоми аҳли суннат иттифоқ доранд, мабни бар инки биҳишт ва дӯзах офарида шудаанд, Ва аҳли суннат ҳамвора бар ин ақида буданд, то инки нобиғае аз миёни Муътазила ва Қадария ибрози вуҷуд намуд ва махлуқ будани биҳишту дӯзахро инкор кард ва гуфт: Худованд рӯзи қиёмат биҳишту дӯзахро меофарад.
Асл ва ақидаи ботили онон, иборат аз ин аст, ки: Бояд Худованд чунин кунад, ва чунин накунад, ононро бар он водошт, ки бигуянд: Биҳишту дӯзах офарида нашудаанд, Ва онон дар анҷом афъоли Худоро бо махлуқи Худо муқоиса карданд. Пас онон дар боби афъол Мушаббиҳа (монанд кунандаи холиқ бар махлуқ) ҳастанд, Ва таҷаҳҳум (фикрҳои ҷаҳмия) дар онон сироят намудааст, Ва дар айни ҳол муъаттила (бекор кунандаи сифатҳои Худованд) ҳастанд ва мегуянд: Оаридани биҳишт қабл аз ҷазо ва подош беҳуда ва ъабас аст, Зеро бо ин тартиб биҳишт то муддати мадиде отил (бекор) ва ботил мемонад.
Дар натиҷа онон (Муътазила ва Қадария) ба радди нусусе пардохтанд, ки мухолифи ин асли ботил аст, ки онро барои Парвардигор вазъ карданд, Онон нусусро аз мафоҳими асли таҳриф мекунанд ва касонеро, ки мухолифи асли онҳо ҳастанд, гумроҳ ва аҳли бидъат медонанд.
Шореҳи Таҳови баъди баёни матлаби боло, ба баёни шавоҳид ва далелҳое пардохт, ки аз махлуқ будани биҳишту дӯзах ҳикоят доранд, ва мегуянд: Худованд дар бораи биҳишту дӯзах чунин мефармояд:
﴿أُعِدَّتۡ لِلۡمُتَّقِينَ ١٣٣﴾ [ال عمران: ١٣٣]
“(Ва чунин чизи боарзиш) барои парҳезгорон таҳия дида шудааст”.
Сураи Оли Имрон 133
Боз Худованд мефармояд:
﴿أُعِدَّتۡ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦۚ ٢١﴾ [الحديد: ٢١]
“Барои касоне омода шудааст, ки ба Худо ва паёмбаронаш имон дошта бошанд”.
Сураи Ҳадид 21
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
﴿وَٱتَّقُواْ ٱلنَّارَ ٱلَّتِيٓ أُعِدَّتۡ لِلۡكَٰفِرِينَ ١٣١﴾ [ال عمران: ١٣١]
“Ва аз оташе бипарҳезед, ки барои кофирон (на муъминон) омода шудааст”.
Сураи Оли Имрон 131
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ جَهَنَّمَ كَانَتۡ مِرۡصَادٗا ٢١ لِّلطَّٰغِينَ مََٔابٗا ٢٢﴾ [النبا: ٢١، ٢٢]
“Ҳаройна, ҷаҳаннам дар интизор бошад. Саркашонро бозгаштангоҳест”.
Сураи Набаъ 21-22
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
﴿أَفَتُمَٰرُونَهُۥ عَلَىٰ مَا يَرَىٰ ١٢ وَلَقَدۡ رَءَاهُ نَزۡلَةً أُخۡرَىٰ ١٣ عِندَ سِدۡرَةِ ٱلۡمُنتَهَىٰ ١٤ عِندَهَا جَنَّةُ ٱلۡمَأۡوَىٰٓ ١٥﴾ [النجم : ١٢، ١٥]
“Оё бо ӯ дар бораи чизе ки дидааст, ситеза мекунед? Ӯ ки бори дигар (дар шаби Меъроҷ) вайро дидааст, назди сидратулмунтаҳо, Биҳишт, ки манзил (ва маъвои парҳезгорон) аст, дар канори он аст”.
Сураи Наҷм 12 – 15
Дар ҳадис омада аст, Расули Худо (с) сидратулмунтаҳо ва дар канори он ҷаннатулмаъворо дидааст.
Дар ҳадиси Исро ки Бухори ва Муслим онро аз ҳазрати Анас (р.з) ривоят кардаанд, чунин омадааст:
Баъд Ҷиброил (а) манро бурд то ба сидратулмунтаҳо расид, Рангҳое онро пушида буд, ки намедонистам онҳо чи ҳастанд. Фармуд: баъд вориди биҳишт шудам, Гунбадҳое аз марворидро дидам ва хоки он аз миск буд.
Дар Бухори ва Муслим аз Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) ҳадиси дигаре омадааст: Расули худо (с) фармуданд: Маскани ҳар инсон баъд аз мурданаш субҳу шом барояш ироъа дода мешавад, Агар биҳишти бошад, аз миёни биҳишт, Ва агар дӯзахи бошад, аз миёни дӯзах ҷои худро хоҳад дид ва ба ӯ гуфта мешавад: Ин маскани ту аст, ки то рӯзи қиёмат дар он боқи хоҳи монд.
Ва дар ҳадиси Бароъ ибни Озиб омада аст:
Мунодие аз осмон нидо сар медиҳад: Бандаи ман рост мегуяд, манзилашро аз фаршҳои биҳишт мафруш кунед ва даре аз биҳишт барояш боз кунед. Онгоҳ насим ва буйи биҳишт аз онҷо ба ӯ мерасад.
Дар ҳадиси хусуфи офтоб, ки Муслим онро аз ҳазрати Оиша (р.з) нақл кардааст, чунин омадааст:
Расули Худо (с) фармуданд: Аз инҷо ҳар ончиро ки ба шумо ваъда дода шуда аст, мушоҳида кардам, Худамро дидам, ки аз меваҳои биҳишт мечинам, Ва ин ҳамон лаҳзае буд, ки ба пеш рафтам ва оташи дӯзахро дидам, ки аз шиддати ҳарорат якдигарро хурд ва вайрон мекард, Ва ин ҳамон лаҳза буд, ки ман ба ақиб мерафтам.
Дар ҳадиси дигаре аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос дар Бухори омадааст: Дар замони Расули Худо (с) офтоб дучори хусуф шуд (офтоб гирифта шуд) Саҳобагон гуфтанд: Эй паёмбари худо! Туро дидем, ки дар ҷои худ чизеро мегирифти, баъд дидем, ки ба ақиб рафти? Паёмбар фармуд:
روى البخاري عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَبَّاسٍ رضي الله عنهما قَالَ: قَالَ صلى الله عليه وسلم: «إِنِّي رَأَيْتُ الْجَنَّةَ، فَتَنَاوَلْتُ عُنْقُوداً، وَ لَوْ أَصَبْتُهُ لأَكَلْتُمْ مِنْهُ مَا بَقِيَتِ الدُّنْيَا، وَ أُرِيتُ النَّارَ، فَلَمْ أَرَ مَنْظَراً كَالْيَوْمِ قَطُّ أَفْظَعَ، وَ رَأَيْتُ أَكْثَرَ أَهْلِهَا النِّسَاءَ ». قَالُوا بِمَ يَا رَسُولَ اللَّهِ ؟ قَالَ: «بِكُفْرِهِنَّ»، قِيلَ: يَكْفُرْنَ بِاللَّهِ؟ قَالَ: «يَكْفُرْنَ الْعَشِيرَ، وَ يَكْفُرْنَ الإِحْسَانَ، لَوْ أَحْسَنْتَ إِلَى إِحْدَاهُنَّ الدَّهْرَ كُلَّهُ، ثُمَّ رَأَتْ مِنْكَ شَيْئاً قَالَتْ مَا رَأَيْتُ مِنْكَ خَيْراً قَطُّ»
“Дар ҳақиқат ман биҳиштро дидам ва хостам, ки хушае аз онро дар даст гирам ва агар он хушаро дар даст мегирифтам, шумо то поёни дунё аз он мехурдед, Ва дӯзахро дидам ва то ҳол ҳеҷ саҳнаеро ваҳшатноктар аз он надида будам, Ва дидам, ки бештарини аҳли дӯзахро занон ташкил додаанд.
Суол шуд: Эй паёмбари худо! Чаро чунин аст? Паёмбар (с) фармуданд: Ба далили куфру ношукрии онон. Суол шуд: Куфри онон дар ҳаққи худованд? Паёмбар (с) фармуданд: Куфр дар баробари шавҳар ва адами сипосгузори дар баробари эҳсон ва некукори дар миёни занон зиёд мушоҳида мешавад, ки агар дар тули умр дар ҳақи онон неки куни сипас як хаторо аз ту бинанд, мегуянд: Ҳеҷгоҳ амали неку хубро аз ту надидаам”.
Бухорӣ
Дар саҳеҳ муслим аз ҳазрати Анас (р.з) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:
Савганд ба он зоте ки ҷони ман дар ихтиёри ӯст, агар шумо медидед, ончиро, ки ман дидам, бисёр гиря мекардед ва камтар механдидед. Саҳобагон гуфтанд: Эй расули худо чиро дидаи? Фармуданд: Биҳишт ва дӯзахро дидам.
Дар Муваттаъ ва сунан аз Каъб ибни Молик оривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:
Арвоҳи муъминон ба шакли парандагоне бар дарахтҳои биҳишт овезонанд, то инки рӯзи қиёмат худованд онҳоро ба ҷисмҳои муъминон бозгашт медиҳад.
Ин ҳадис ошкоро мегуяд, ки арвоҳ пеш аз фаро расидани рӯзи қиёмат ба биҳишт мераванд.
Дар саҳеҳ муслим, ва сунану масонид аз ҳазрати Абуҳурайра ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:
عن أبي هريرة - رضي الله عنه - أن رسول الله - صلى الله عليه وسلم – قال: لما خلق الله الجنة، قال لجبريل: اذهب فانظر إليها، فذهب فنظر إليها، ثم جاء فقال: أي رب، وعزتك لا يسمع بها أحد إلا دخلها، ثم حفّها بالمكاره، ثم قال: يا جبريل اذهب فانظر إليها، فذهب فنظر إليها، ثم جاء، فقال: أي رب، وعزتك لقد خشيت أن لا يدخلها أحد، قال: فلما خلق الله النار، قال: يا جبريل اذهب فانظر إليها، فذهب فنظر إليها، ثم جاء، فقال: أي رب، وعزتك لا يسمع بها أحد فيدخلها، فحفها بالشهوات، ثم قال: يا جبريل اذهب فانظر إليها، فذهب فنظر إليها، ثم جاء، فقال: أي رب، وعزتك لقد خشيت أن لا يبقى أحد إلا دخلها.
رواه الترمذي وأبو داود والنسائي
“Вақте худованд биҳишту дӯзахро офарид, Ҷибриилро ба суи биҳишт фиристод ва фармуд: Бирав биҳишт ва ончиро дар биҳишт барои муъминон омода кардаам мулоҳиза кун.
Ҷибриил рафт, биҳишт ва тамоми имконоти онро мушоҳида кард ва сипас баргашт ва гуфт: Парвардигоро! Савганд ба ҷалолу азаматат, ҳар кас дар бораи ин неъматҳо бишнавад, барои дохил шудани он худро муҳайё мекунад ва вориди он мешавад. Пас Худованд амр кард, ки биҳишт ба воситаи мушкилоту сахтиҳо печонида шавад ва ба Ҷибриил амр кард, ки бирав бубин, ки барои аҳли биҳишт чи омода кардаам. Ҷибриил рафт ва баргашт ва гуфт: Парвардигоро! Савганд ба ҷалолу азамати Ту бими он дорам, ки касе вориди биҳишт нашавад.
Баъд Худованд Ҷибриилро ба тарафи дӯзах фиристод ва гуфт: Бирав дӯзах ва ончиро ки барои дӯзахиён омода кардаам мулоҳиза кун. Пас Ҷибриил нигоҳ кард ва дид, ки оташи он руйи ҳам анбошта шуда аст, Вақте баргашт рӯй ба боргоҳи Илоҳӣ оварда гуфт: Савганд ба иззат ва ҷалолат, ҳар кас дар бораи он шунавад, ҳаргиз намехоҳад вориди он шавад, Дастур дод то дӯзах бо лаззатҳо печонида шавад. Баъд ба Ҷибриил амр кард то барои мушоҳидаи имконоти дӯзахиён ба дӯзах биравад. Ҷибриил рафт ва бадон нигарист, сипас баргашт ва гуфт: Савганд ба иззат ва ҷалоли Тӯ, касе аз он наҷот намеёбад ва вориди он мешавад.
Монанди ин ҳадис дар китобҳои ҳадис зиёд аст.
Имом Бухорӣ дар саҳеҳи худ боберо дар ин замина унвон карда, мефармояд:
«باب ما جاء في صفة الجنّه و أنها المخلوقه»
Боб дар баёни сифати биҳишт ва дар баёни инки биҳишт офарида шуда аст. Ривоятҳои зиёдеро, ки ҳикоят аз офарида шудани биҳишт доранд, таҳти унвони мазкур оварда аст, ки маҷмуъи ин ҳадисҳо, ҳадисе аст, ки дар он омадааст:
Ҳангоме ки майит гузошта мешавад, дар биҳишт ё дӯзах манзили худро мушоҳида мекунад.
Ҳадиси нигоҳ кардани паёмбар (с) ба суйи биҳишт ва дӯзах ва ҳадиси дидани Расули Худо (с) қасри Умарро (р.з) дар биҳишт, аз ҷумлаи ин ҳадисҳо ҳастанд. (Фатҳулбори 6/320)
Ибни Ҳаҷар ҳақиқатро гуфта аст, онҷо ки мегуяд: Равшантар аз ончи ки Бухори нақл карда, он аст, ки имом Аҳмад ва Абудовуд бо санади саҳеҳ аз ҳазрати Абуҳурайра (р.з) нақл кардаанд: Расули Худо (с) фармуданд:
«لما خلق الله الجنة، قال لجبريل: اذهب فانظر إليها»
Вақте худованди муттаъол биҳиштро офарид ба ҳазрати Ҷибриил гуфт: Бирав биҳиштро нигоҳ кун. (Фатҳулбори 6/320)
Дар васфи дӯзах ва киҳо ба он дохил мешаванд ва чигуна азоб мекашанд, чунин омадааст: Оташ: Аввал кофирон, сипас мўъминони саркаш ва туғёнгар ва дар поён мунофиқон ба дохили он фуру меафтанд. Ҷаҳаннам дорои ҳашт дарвоза аст. Оташи он ҳафтод баробар аз оташи дунё шадидтар аст. Бадани инсони кофир дар он бузург мешавад, то азоби бештареро бичашад. Фосилаи байни ду шонааш роҳи се рўза ва дандонҳояш монанди кўҳи Уҳуд аст. Пусташ хашин ва дурушт мешавад. Нўшидании онҳо оби доғе аст, ки рўдаҳояшонро тика-тика мекунад. Хўроки онҳо меваи дарахти заққум, зардоба ва хуноба аст.., осонтарин азоби он иборат аст аз ин ки кафи пои гуноҳкорро рўи ду тика ахгар мегузоранд. Шиддати гармои он ба ҳаде аст, ки мағзи ў ба ҷўш меояд, умқи он ба ҳаде аст, ки агар навзоде дар он андохта шавад, қабл аз он ки ба кафи он бирасад, ҳафтод сола мешавад. Маводи сўхтании он кофирон ва сангҳо ҳастанд. Ҳавои он боди гарм ва сўзони (самум) ва сояи он бисёр доғ (яҳмум) аст. Ҳама чизро фуру мебарад ва ҳеҷ чизро боқӣ намегузорад. Пўстҳоро месўзонад ва ба устухон мерасад ва бар қалбҳо чира мешавад ва афродро ба сутўҳ ва шукўҳ водор месозад, аз ҳазор нафар нуҳсаду наваду нуҳ нафар вориди он мешаванд. Пўшиши он аз оташ аст. Намунаҳое аз азоби он иборатанд аз варами пўсти бадан, зуб кардан, сўзондан, кашидан ва куштан аст. (Сафари ҷовидонагии масири ту ба суи биҳишт ё ҷаҳаннам 8, сомонаи Дорулислом, тоҷики)
(давом дорад)
Гирифта шуда аз китоби (Рӯзи охират: Ковише пиромуни биҳишт ва дӯзах) Умар Сулаймон Ашқар ва дигар манбаъҳо.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1