Предыдущая публикация
Сарамро соате дуртар зи оғӯшат нахоҳам кард.
Намо бар ишқи ман бовар,вафо расми мани ошиқ,
Магӯ аз бевафоиҳо,ки ман гӯшат нахоҳам кард.
Ҳама бори ҷаҳонро гар бубанди бор бар дӯшам,
Шавам то зону по дар гил ва бар дӯшат нахоҳам кард.
Ҳама шаб интизори шарбати лабҳои нӯшинат,
Шаберо ман саҳар бе он лаби нӯшат нахоҳам кард.
Туро ман аз Худо талбидаму меҳри дилам гашти,
Ҳамеша дар дилам ҷушӣ,ки хомӯшат нахоҳам кард.
Чунонат дӯст медорад, Анис эй ҷони ширинам,
Намирам то туро дорам, сияҳпӯшат нахоҳам кард.
http://m.ok.ru/dk?st.cmd=userMediaStatusComments&st.topicId=63264226331483&_prevCmd=userMain&tkn=3356
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев