Предыдущая публикация
нобаш кардам,
Моҳ, агар ҳалқа ба дар кӯфт,
ҷавобаш кардам.
Дидӣ он турки Хато душмани ҷон буд
маро,
Гарчи умре ба хато дӯст хитобаш
кардам.
Манзили мардуми бегона чу шуд
хонаи чашм,
Он қадар гиря намудам, ки харобаш
кардам.
Шарҳи доғи дили парвона чу гуфтам
бо шамъ,
Оташе дар дилаш афкандаму обаш
кардам.
Ғарқи хун буду намемурд зи ҳасрат
Фарҳод,
Хондам афсонаи Ширину ба хобаш
кардам.
Дил, ки хунобаи ғам буду ҷигар гӯшаи
дард,
Бар сари оташи ҷаври ту кабобаш
кардам.
Зиндагӣ кардани ман мурдани
тадриҷӣ буд,
Он чӣ ҷон канд танам, умр ҳисобаш
кардам.
http://m.ok.ru/dk?st.cmd=userMediaStatusComments&st.topicId=63264226331483&_prevCmd=userMain&tkn=3356
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев