Замоне раҳнамоён раҳгум мезананд ва саворагон ҳайрон мемонанд ва корвону корвониён намедонанд, ки кадом тараф равон шаванд, он гаҳ Худоро ёд мекунанд ва мегӯянд: Ё Аллоҳ. Вақте ки ба сари бандагон мусибат меояд, ғаму андӯҳи эшон дучанд мешавад, замоне, ки балоҳо пайиҳам ба сари бандагон меоянд, мусибатзадагон он гаҳ Худоро ёд мекунанд ва мегӯянд: Ё Аллоҳ. Замоне барои толибон дарҳои илм баста ва барои соилон пардаҳои асрор пӯшида шавад, он гаҳ Худоро ёд мекунанд ва мегӯянд: Ё Аллоҳ. Вақте дигар чорае намемонад, ақлҳоро тадбиру илоҷе намемонад, василаҳо гусаставу воситаҳо бурида шаванд, ҳама он гаҳ Худоро ёд мекунанд ва мегӯянд: Ё АЛЛОҲ. Вақте бароят замин тангӣ мекунад, худат барои нафси хештан вазнинй мекунй он гаҳ Худоро ёд мекунй ва мегӯйй: Ё Аллоҳ. Ба сӯйи Худованд сухани хубу дуои холис, муноҷоти поку ашки сӯзону оҳи сард аз синаи пурдард мебарояд. Дар мушкилот ба сӯйи ӯ дастҳо бардошта мешаванд ва чашмҳо нигарони мадади Ӯ мегарданд. Ба номи Ӯ забонҳо ба сухан медароянд, аз Ӯ мадад ҷуста дилҳо аз зикри Худованд ором мегиранд. Аллоҳ-беҳтарин ном, зеботарин ҳарф ва арзишмандтарин калимаест. Аллоҳ-ғанй аст, боқист, соҳиби куввату нусрат ва иззату қудрату ҳишат аст. Аллоҳ-соҳиби лутфу карами бепоён, меҳрубону ёридиҳандаву мададрасону мӯҳсин бар тамоми махлуқот аст. Аллоҳ зотест, ки ба вуҷудоранда, миронанда, халққунандаи коинот ва тамоми ҳастии олам аст. Худовандо, ба ҷои сӯзу гудозу дард таскину оромӣ бахш, ба ҷойи ғаму ғусса хурсандиву хушбахтй ва дар вакти тарс чолокиву бебокӣ ато фармо. Эй Аллоҳ, муҳаббати дилро ба якин ва бовариро соф, шакку шубҳаву ширку куфрро бо оби муназзаҳи имон бишӯй. Парвардигоро, ба чашмҳои бехоби шабзиндадор хоби оромй, ба нафсҳои бесаранҷом сукут, ба чашмҳои ҳайрон нури ҳидоят ва ба раҳгумзадагон роҳи ҳақиқат ато фармо. Лағжидагону афтидагону аз роҳи ҳидоят беруншудагонро дастгиру ба сӯйи хеш боз хон. Ё Аллоҳ, ба сӯйи ту бармегардем, ба номи ту таваккал мекунем, аз ту ниёзу ҳоҷати хеш мепурсем. Зеро ҷуз ту касе надорем, дигар даре нест, ки кӯбем, ту дӯсту валии мо ҳастӣ. Ба ту қаробату наздикй ҷустан ва ёрии ту басо дилпазир аст. Бе шак ба ҷуз Аллоҳ, нест худое дигар.
https://www.youtube.com/channel/UCYtonr-mPhOq_Sb3vxJ6nuQ ҚИССАИ ЗИНДАГИИ ҲАЗРАТИ СОЛЕҲ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев