Дар ин фасли ҷавонӣ навҷавониро намехоҳам.
Маро ту ёри ҷонӣ будиву ҷонам биёзурдӣ,
Дигар монанди ту ман ёри ҷониро намехоҳам.
Зи ман рафтию танҳоям дар ин дунёи армонӣ,
Хато кардам, нафаҳмидам, ки ту беаҳду паймонӣ.
Пушаймон гаштаӣ акнун аз ин рафтори худ, аммо
Бидон дар зиндагӣ суде намеорад пушаймонӣ.
Ба садҳо орзӯ ишқи туро дар сина ҷо кардам,
Ба уммеди вафои ту ба ҷони худ ҷафо кардам.
Гирифтам домани ишқат ба сад зорӣ, ба сад хорӣ,
Бимонӣ то канори ман ҳазорон илтиҷо кардам.
Хазони навбаҳору шоми субҳи равшанам гаштӣ,
Ту бо ин бевафоӣ қотили ҷону танам гаштӣ.
Ба ёди ишқи ҷонбахшат гуноҳатро бубахшидам,
Ба ту хушбахтӣ мехоҳам, агарчи душманам гаштӣ ,,,
https://www.instagram.com/reel/CZAKz4yAYPU/?utm_medium=share_sheet
https://www.instagram.com/reel/CY_6R6BA5sy/?utm_medium=share_sheet
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2