Ман барои шумо бародарӣ хайрхоҳ ҳастам. Ман шуморо ба ташхиси ҳақ аз ботил фаро мехонам то ҳалок нашавед ва ба шинохти растгӯ аз дурӯғгӯ даъват мекунам то дар зиён намонед; Чароки шумо аз рӯзи нахустин то имрӯз, ҳамвора дар зиён будайед; Чунонки Парвардигоратон фармудааст: ﴾إِنَّ الْإِنْسَانَ لَفِي خُسْرٍ﴿[п/1] ва раҳойии шумо аз зиён дар гарави ду чиз аст, ҳамчунонки парвози парандагон ба осмон дар гарави ду бол аст ва он ду чиз, ҳамоно имон ва амали солеҳ аст; Чунонки фармудааст: ﴾إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ﴿[п/2]. Аммо имон, эътиқод ба ҳақ ва адами эътиқод ба ботил аст ва ин танҳо бо шинохти ҳақ ва ботил ҳосил меояд ва аммо амали солеҳ, чизе ҷуз амал ба лавозими ҳақ ва парҳез аз лавозими ботил нест ва ин низ танҳо бо шинохти ҳақ ва ботил ҳосил меояд. ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1349/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев