Предыдущая публикация
Дардмандонро ба марги нав муборакбод кун!
Гуфтаӣ: “Дар дини мо расми фаромӯшӣ хатост”.
Чун кунӣ аз мо фаромӯш, ин суханро ёд кун!
Бо ман оғози такаллум кардию бехуд шудам,
То зи аввал бишнавам, бори дигар оғоз кун!
Зинҳор, эй дил, чу он султони хубон даррасад,
Ҳоли моро арза деҳ, гар нашнавад, фарёд кун!
Эй фалак, з-он сангҳо гар нақши ширин канда шуд,
Гар тавонӣ, зеби рӯи турбати Фарҳод кун.
Тарки ҷон гуфтему бедодат ҳанӯз охир нашуд,
Охир, эй султони хубон, тарки ин бедод кун!
Эй парипайкар, Ҳилолӣ аз ғамат девона шуд,
Гар навозиш мекунӣ, ӯро ба санге ёд кун! Манбаъ:
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев