ПАДАР! Чи кадар
бузург аст. Фарзандонро бо
орзухои зиёд ба камол мерасонад
ва ба рохи рост равона месозад.
Барои мо фарзандон тамоми
шароитро мухайё сохта, ба
куллахои баландтарини хаёт, ки
ояндааш пур аз
мувафакиятхост,сафарбар
менамояд. Вокеан як падар чандин
фарзандро ба камол мерасонаду
хамаи онхоро ба як чашм
менигарад. Ин аз дили бузурги
падар аст, ки барои мехру
мухаббати хамаи фарзандон чойи
алохидае дар калби худ дорад.
Аммо хама фарзандон мехру
мухаббати як падарро дар дили
худ чой намуда наметавонанд.
Рузхову хафтахо,моххову солхо
мегузаранд, аммо фарзанд аз холи
у хабар намегирад. Боре андеша
намекунад,ки дуои падар
мушкилкушои у дар зиндаги
мегардад ва бе дуои неки падар
барои фарзанд рохе дар хаёт нест.
Фарзанд вакте касберо интихоб
мекунад, падар хурсанд
шуда,тамоми нозукихои касбро
меомузонад,то дар оянда ба
мушкилие ру ба ру нашавад. Падар
барои касби интихобкардаи
фарзанд шабу руз захмат мекашад
ва мудом насихат мекунад, ки
сохиб
шудан ба касбе басо кори мушкил
ва захматталаб мебошад.
Он чи дар боло кайд кардам аз
бахр як катрае буд ва мо чавонон
бояд ба кадри падар бирасем,
хизмати эшонро ба чо орем ва
хамеша бо ёду хаёли ин шахсияти
бузург бошем.
Хар ки бе ёди падар як лахза
бошад, гофил аст,
Хар ки бо ёди падар
бошад,муродаш хосил аст.
Хар ки гофил монад аз
ёдаш,наёбад обру,
Хар ки мегирад хабар аз холи у,
сохибдил аст.
Хайфи фарзанде,ки менолад ба хар
чо аз падар,
Марги фарзанде,ки дар кори падар
нокобил аст.
Як дуои хайр дех фарзандро, ту эй
падар,
Бе дуои хайр фарзандро будан
мушкил аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев