🔷 Бар мазори бехонае навишта буданд:
Шукри Худо билохира соҳиби хонаву макони хеш шудам....
🔷Бар санги қабри фақире навишта буданд:
Побараҳна ба дунё омадам, побараҳна зистам ва побараҳна ба охират баргаштам.
🔷Руи санги қабри сарватманде хондам:
Ҳама касеро бо пул розӣ кардам, аммо фариштаи маргро натавонистам розӣ кунам...
🔷Бар мазори дилшикастае чунин нигошта шуда буд:
Қиёмат ҳаст, талофӣ (товон, подош) мекунам...
🔷Бар гури ҷавоне чунин хондам;
Якдигарро наёзоред , ба Худо қасам пушаймон хоҳед шуд...
🔷Бар қабри кӯдаке навишта буданд:
Хушҳолам бузург нашудам , то ба даррандае табдил шавам...
🔷Бар мазори модаре нигошта буданд:
Пеши Худо мавозиби бачаҳои ман бошед...
🔷Бар қабри девонае авишта буданд:
Ҳушёр ба дунё омадам , ҳушёр зистам , аммо ба хотири рафторҳоятон худамро ба девонагӣ зада будам....
🔷Бар сари қабре табибе чунин хондам;
Ҳама чиз чораву дармон дорад ғайр аз марг!
🔵Дунё мазраи охират аст ба оқибати худ биандешем, ки чи коштаем, чун ҷуз ба он дарав нахоҳем кард...
Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зӣ ҷав....
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2