Чаҳор сол пеш "Деҳаи Элок" дар ҳамин руз фарзанди маҳбубу азизашро аз даст дод ва "Шаҳид" гашт дар сини 25 солаги.
Бародари азизмон "Акаи Муҳибуллоҷон" Худо раҳмату мағфираташ кунад!
Ёде аз корҳои некаш:
Бародармон Муҳибулло бисёр инсони нек будан инсоне буд доим намозҳояшро дар Масҷид мехонд ва Торикии шабро нигоҳ накарда ба намоз ҳозир мешуд ҳатто корҳои Қишлоқ уро аз Ҷамоат манъ намекард доим Дустону Наздиконашро ба роҳи нек даъват мекард. Мардуми Қишлоқро эҳтиром мекард хулас тамоми Ҳамдеҳагонаш уро дуст медоштан натанҳо мардуми Деҳа балки дар Шаҳри Душанбе ҳам уро дуст медоштан Ҳамкурсонаш ёру дустони инҷо будааш. Ҳамеша кушиш мекард ки сухани ҳақро бигуяд бисёр инсони росқавл буд.
Дуо кунем дар ҳаққи бародармон ки Худованд қабрашро пурнур ва ҷояшро "Ҷаннатул Фирдавс" бигардонад ва ба Падару Модараш ва ёру бародаронаш сабри ҷамил ато фармояд
Ва дуо кунем ки дигар Ҷавонони Элок ки дар чанд солаи ахир ин дунёро падруд гуфтан Қабрашонро пурнур ва ҷояшонро Ҷаннатул Фирдавс бигардон Эй Аллоҳи меҳрубон!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев