Субҳгоҳ ҳамин ки бо шитоб роҳ мерафт, мисли раъд бонг мезад ва шиҳа мекашид ва дар суръати рафтор бар тундар пешӣ мегирифт. Дар мусобақаҳо дар кӯҳу дашт бо рехтани арақи мисли жола ончунон медавид, ки ту гумон мекардӣ абри найсон гузар дорад. Аҷаб селрафтор ва саҳронавард буд, ки бод ҳам мисли гард аз вай ақиб мемонд ва изҳори аҷзу нотавонӣ мекард. Ҳамон гуна ки маълум аст, васфу таърифи Ҳотам дар саховат забонзади хоссу ом шуда ва то гӯши султони Рум расида буд. Мегуфтанд, ки дар караму бахшиш мардеро ҳамтои ӯ намешавад пайдо кард ва аспаш низ дар тезравӣ ҳамтое надорад, ки ҳеҷ аспе ба гарди пойи вай наметавонад бирасад. Аспи ӯ биёбоннавард аст ва дар об мисли киштӣ аст ва агар сайр кунад аз болои вай уқоб ҳам наметавонад парвоз кунад. Султони Рум ба вазири доно гуфт: – «Лоф задан ва таъриф кардан бегувоҳ ва бешоҳид дуруст нест ва мояи шармсорӣ аст. Ман аз Ҳотами Той он аспи арабиро мехоҳам, агар бо ҷавонмардиаш ба ман бахшад, медонам ва бовар мекунам, ки ӯ дар
ҳақиқат бузургвории бузургонро дорад ва агар рад кунад, маълум мешавад, ки ин ҳама овозаҳо мисли бонги табли холӣ ҳарфе беш нестанд». Сипас султон як сафири ҳунарманд ва олимро бо ҳамроҳии даҳ мард ба сӯйи Ҳотами Той фиристод. Онҳо роҳ афтоданд ва ба манзили вай фуруд омаданд ва мисли ташнае, ки ба об расида ва аз сахтиҳо роҳат ёфта бошад, дар манзили Ҳотами Той ба осоишу роҳат даст ёфтанд. Мизбон ба шарафи қудуми ин меҳмонон дастархон паҳн кард ва асперо дар зери қудуми онҳо кушт ва бо гӯшташ онҳоро зиёфат дод ва пас аз сарфи таом доман – доман гавҳар ба онҳо ҳадя кард ва мушти ононро пур аз зару тилло намуд. Меҳмонон шаб он ҷо монданд ва рӯзи дуюм сафир он чӣ бояд аз дархости султон мерасонид, ба Ҳотам расонид, ки ҳамон дархости асп буд. Вақте инро гуфт, Ҳотами Той мисли маст парешонҳол шуд ва аз ҳасрату надомад шурӯъ кард ба газидани ангуштон ва бо таассуф дар ҷавоби он сафир гуфт: – «Эй мардуми некном, чаро пеш аз ин ки кореро дар ҳаққи шумо анҷом диҳам, ин паёмро ба ман нагуфтед? Ман он аспи бодрафтор ва тундравро барои пазириши шумо куштам ва он кабобе, ки дирӯз шумо хӯрдед, гӯшти ҳамон асп буд.
Ман медонистам, ки дирӯз дар чарогоҳ аспе вуҷуд надошт, чун аз тарси борон ҳама рафта буданд ва чораи дигар надоштам ба ҷуз куштани ҳамин як аспе, ки дар боргоҳам доштам. Ман наметавонам меҳмони худро бубинам, ки шикамгурусна бихобад ва ин аз расми ҷавонмардӣ
нест. Ман мехоҳам номи ман дар ҷаҳон ба ҷавонмардӣ бимонад, он аспи номдор хоҳ бошад ва хоҳ набошад, ин барои ман муҳим нест. Ҳар кас метавонад бо касбу кор, пулу мол аспро ба даст биёрад, вале ахлоқи некӯ ва писандидаро наметавон ба василаи касбу кор ба даст овард, чун ахлоқи нек як чизи табиист». Вақте ки ин хабар ба гӯши султони Рум расид, дар ҳаққи ӯ ҳазорон офарин гуфт.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев