__Ту биё, к-аз аввали шаб дари субҳ боз бошад!
___Аҷаб аст агар тавонам, ки сафар кунам, зи дастат,
__Ба куҷо равад кабўтар, ки асири боз бошад?
___Зи муҳаббатат нахоҳам, ки сафар кунам зи дастат,
__Ки муҳибби содиқ он аст, покбоз бошад.
___Ба карашмаи иноят нигаҳе ба сўйи мо кун,
__Ки дуои дардмандон зи сари ниёз бошад.
___Сухане, ки нест тоқат, ки зи хештан бипўшам,
__Ба кадом дўст гўям, ки маҳалли роз бошад?
___Чӣ намоз бошад онро, ки ту дар хаёл дорӣ?
__Ту санам намегузорӣ, ки маро намоз бошад!
___На чунин ҳисоб кардам, ки ту дўст мегирифтам,
__Ки санову ҳамд гӯем, ҷафову ноз бошад,
___Дигараш чу боз бинӣ, ғами дил магуй, Саъдӣ,
__Ки шаби висол кўтоҳу сухан дароз бошад,
___Қадаме, ки баргирифтӣ ба вафову аҳди ёрон,
__Агар аз боло битарсӣ, қадами маҷоз бошад.
Саъдии Шерозӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев