___Дар ҳотаи озори фалак ахтари мо шав.
___Девони каромоти маро хону набигзар,
___Дар боли каломам бипару мурғи Ҳумо шав.
___Товуси хироми қади ту ҷои таманност,
___Дар раҳрави ин сина биё, оинапо шав.
___Домони гули ишқ маро хори ҷафо шуд,
___Сад пираҳани ғунча бидар, атри сабо шав.
___Ёрон ҳама андар талаби лаззату неъмат,
___Ту луъбати нафс баркушу армони Ҳаво шав.
___Бори гунаҳи ишқ маро бурда, харобот,
___Дар майкадаи ишқ биё, ҷоми сафо шав.
___Дӣ гуфт маро булбули даргоҳи муҳаббат,
___Дар бодияи ишқ бирав, шоҳу гадо шав.
___Ман зинда ба номи ту агар бошӣ саломат,
___Аз баҳри Худо ояти дорую даво шав,
___Ман қиблаи умеди туро рост намудам,
___Як лаҳза ба меҳроби дилам Шамси дуъо шав.
___Дар баҳри сухан мавҷ бизан, шӯр биафкан,
___Андар хати мижгони дилам созу наво шав.
___Ман ҷон ба як қулзуми лабҳои ту додам,
___Пайдовару гул озими гулзори Худо шав!
Шараф
Пайдовар
Умарзода.
13.02.2025.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6