Предыдущая публикация
__Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.
___Гар фишори душманон обат кунад, мискин машав,
__Мард бош, эй хастадил, шармандагӣ даркор нест.
___Бо ҳақорат гар биборад бар сарат борони дур(р),
__Осмонро гӯ: бирав, борандагӣ даркор нест!
___Гар, ки бо вобастагӣ дорои ин дунё шавӣ,
__Дураш афкан! Инчунин дорандагӣ даркор нест.
___Гар ба шарти пойбӯсӣ сар бимонад дар танат,
__Ҷон деҳу рад кун, ки сарафкандагӣ даркор нест.
___Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст,
__Баҳри озодӣ ҷадал кун! Бандагӣ даркор нест!
АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТӢ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Зиндаги бе бандаги шармандагист