Предыдущая публикация
___Он қадар аз зоташон ранҷидаам.
___Якҳавоӣ карда аммо дар бадал,
___Ман аз эшон дуҳавоӣ дидаам.
___Ҷон гаравгон дода баҳри бӯсае,
___Баъди ҳар як бӯса вобӯсидаам.
___Дидаву бишнида талху шӯрашон,
___Андаруни хештан шӯридаам.
___Порае хас дода, касро мехуранд,
___Гарчи ман сад пора дил бахшидаам.
___Шармашон бодо, ки ман чун кӯдаке
___Аз бузургиҳояшон шармидаам.
ЛОИҚ ШЕРАЛӢ.
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1