Предыдущая публикация
__Ки аз дардам шавад огаҳ, гар он ҷо ёри ман бошад.
___Бихон як порае аз қиссаи пурғуссаи ишқам,
__Ки то рӯзи қиёмат дар даҳони марду зан бошад.
___Дили бишкастаамро бо шикасти байтҳои ман,
__Бидеҳ тавзеҳ, гар он африштахўйи дилшикан бошад.
___Намо аҳволи қалби чок-чок аз равзани шеърам,
__Ки то ў тавбагӯ з-ин пас зи ҷурми хештан бошад.
___Бигӯ аз номи Ҷаъфар ёрро, к-имрӯз мехоҳам-ш,
__Чӣ суд ар баъди маргам рўхарошу муйкан бошад?
Ҷаъфар
Муҳаммади
Тирмизӣ .
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев