___Молик ибни Динор мегӯяд: Рӯзе ба шаҳри Басра рафтам ва мардумро дидам, ки дар масҷиди бузурги шаҳр ҷамъ шудаанд ва дуо мекунанд. Онҳо аз намози зуҳр то шаб дар масҷид монданд ва берун намерафтанд.
___Пурсидам: Чи хабар аст?
Гуфтанд: Осмон обашро аз мо гирифтааст ва дарёҳо хушк шудаанд ва мо дуо мекунем, ки Худованд ба мо борон ато кунад.
Пас ман ҳам бо онҳо ҳамроҳ шудам.
___Намози пешинро хонданду дуо карданд, асрро хонда дуо карданд, шому хуфтанро низ хонда машғули дуо шуданд, аммо аз осмон як қатра об ҳам наборид. Оқибат онҳо аз масҷид хориҷ шуданд ва дуояшон мустаҷоб нашуд. Аммо ман, ки ҷое надоштам, дар масҷид мондам.
___Нимашаб марди сиёҳпӯсте, ки зоҳири хуб надошт, ба масҷид ворид шуд. Либоси ӯ ҳамагӣ аз ду порча матоъ иборат буд, ки бо яки он авраташро пӯшонида буд ва дигареро ба сараш гузошта буд. Ӯ ду ракъат намоз хонд ва сипас ба атроф нигоҳ кард, ки касе ҳаст ё не. Маро надид.
Сипас дастонашро ба осмон баланд кард ва гуфт: Эй Парвардигорам, эй сайид ва сарвари ман! Боронро қатъ намудаӣ то бандагонатро адаб кунӣ. Эй касе, ки Ҳалмиву дорои виқору бурдборӣ! Эй касе, ки махлуқонат ҷуз бахшиш чизи дигаре аз Ту надидаанд! Дуо мекунам, ки ҳамин ҳоло ва дар ҳамин лаҳза барои бандагонат боронро нозил кунӣ.
___Ӯ ҳоло дастонашро поин накарда буд, ки осмон торик шуд, абрҳо аз ҳар бурҷ пайдо шуданд ва борони сахте борид. Аз дидани ин саҳна бисёр дар тааҷҷуб ва ҳайрат мондам.
___Сипас он мард аз масҷид берун шуд ва ман ба дунболаш рафтам. Аз кӯча ва паскӯчаҳо гузашт ва ба хонае ворид шуд. Ҳеҷ аломатеро наёфтам, ки ба василаи он хонаро шиносоӣ кунам. Пас аз замин каме гил бардошта бар дари он хона аломате гузоштам.
___Вақте субҳ шуд, берун омадам ва он алрматро ҷустуҷӯ кардам. Оқибат онро ёфтам ва вориди хона шудам. Дидам, ки хонаи даллоле аст, ки ғулом мефурӯшад.
Гуфтам: Мехоҳам аз ту ғуломеро бихарам.
Ӯ ҳамаи ғуломҳои худро ба ман нишон дод.
Гуфтам: Инҳоро намехоҳам. Боз ба ҷуз инҳо ғуломи дигаре ҳам дорӣ?
Даллол гуфт: Ғайр аз инҳо дигар ғуломе барои фурӯш надорам.
___Дар ҳоле, ки бо ноумедӣ бурун мешудам, кулбаеро дир гӯшаи ҳавлӣ дидам ва пурсидам: Оё дар ин кулба касе ҳаст?
Даллол гуфт: Дар он кулба касест, ки ба ту ҳеҷ нафъе расонида наметавонад.
Гуфтам: Метавонам ӯро бубинам?
Вақте ӯро берун оварданд, дидам, ки ӯ ҳамон мардест, ки шаб ба масҷид омада буд.
Ба даллол гуфтам: Ман ҳаминро мебарам.
Даллол гуфт: Шояд баъд эътироз кунӣ, ки ман ҳила кардам. Зеро аз ин ғулом ҳеҷ нафъе нест.
Гуфтам харидорам.
Пас қимматашрр бароям тахфиф кард ва ӯро ба ман фурӯхт.
___Ҳангоме, ки ба хона расидем, ғулом сарашро баланд кард ва пурсид: Сарварам, чаро маро харидӣ? Агар фарди қавиеро мехоҳӣ, онҷо нафарони тануманд бисёр буданд. Ва агар ҳунармандеро мехоҳӣ, онҷо касоне буданд, ки санъаткор ва ҳунарманд буданд. Пас барои чи маро харидӣ?
Гуфтам: Дирӯз дар масҷид тамоми аҳли Басра ҷамъ шуданду дуо карданд ва дуояшон мустаҷоб нашуд, аммо ту ки вориди масҷид шудӣ ва дасонатро ба дуо баланд кардӣ ва аз Худо хостӣ, дуоят қабул шуд ва борон борид.
___Ғулом гуфт: Шояд каси дигар буд.
Гуфтам: Не, ту будӣ.
Пурсид: Яқин дорӣ ки маро шинохтӣ?
Гуфтам: Бале.
____Қасам ба Худо баъд аз ин дигар рӯяшро сӯям накарду сарашро бар саҷда гузошт ва саҷдаашро хеле тӯлонӣ кард.
Худамро хам кардам то шунавам, ки чи мегӯяд.
Шунидам, ки ӯ дар саҷда мегӯяд: "Эй соҳиби сиру ниҳон! Ба рости, ки сири ман ошкор шуд. Баъд аз ин дигар ман тоқат ва тавони зиндагиро надорам".
___Дар ҳамин ҳангом рӯҳаш аз баданаш хориҷ шуд ва ба сӯи Парвардигораш бар гашт.
---------------
___Он чи сире буд, ки ӯ бо худ дошт ва чи гуна ба ин дараҷаи ихлос расида буд? Сири ниҳони мо чист ва мо ба кадом дараҷаи ихлос расидаем?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4
Локин зи Худо ҷудо набошанд.