✨°°°°°°
______Бароят бахт мехохам!
_____Бароят бахт мехоҳам, ки дар бозори дунёӣ,
____Ҳама чиз нарх дорад, нарх дорад, қиммату арзон.
___Дар ин ҷо нарх дорад заҳр ҳам, пастию ҳиммат ҳам,
__Ба ҷуз бахте, ки нархашро надонад ҳеҷ бозаргон.
✨°°°°°
______Шунидам, ки ту аз тақдир домангир мегардӣ,
_____Ки як дам кулбаатро бахти ноҷогард н-орояд.
____Ту гӯӣ бахтро бемеҳр ҳамчун баччаи шаҳрӣ,
___Ки сӯйи деҳа назди модараш боре намеояд.
✨°°°°
______Ту ҳамчун киштии афтода дар чанголи тӯфонӣ,
_____Ҳалоки хешро медонӣ аз тақдири пешонӣ.
____Ба осонӣ ҳар он чӣ додӣ мушкил оядат бар даст,
___Ки қадри ҷонфидоиву дили пурдарди ман донӣ.
✨°°°
______Бароят бахт мехохам!
_____Бароят бахт мехоҳам, ки дар бозори дунёӣ.
____Ҳама чиз нарх дорад, нарх дорад, қиммату арзон,
___Дар ин бозор бифрӯшанд гоҳе ному имонро,
__Ба ҷуз бахте, ки нархашро надонад ҳеҷ бозаргон...
ГУЛРУХСОР.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1