__Зиндагӣ мекард дар он
пиразан.
___Пиразан як шаб Худоро дид ба хоб,
__Кард суоле аз Худо бигрифт ҷавоб.
___Гуфт: Худоро бекасу танҳо манам,
__Аз барои диданат шайдо манам.
___Орзу дорам шави меҳмони ман,
__Пораи ноне хури аз хони ман.
___Лаҳзае хоҳам, ки ҳамрозам шави,
__Дар дами танҳои дамсозам шави.
___Шуд пазиро даъвати уро Худо,
__Гуфт: фардо оям ман пеши шумо.
___Пиразан бедор шуд он дам зи хоб,
__Ҷору зад ӯ хонаашро бо шитоб.
___Пиразан бар сӯи бозор шуд равон,
__Кард харид мағзу мавизу шаҳду нон.
___Беҳтарин хурокиҳоро у бипухт,
__Чашм ба роҳи омади меҳмон-ш духт.
___Баъди чанде тақ тақи дарро шунид,
__Пиразан бо шоди сӯи дар давид.
___Пиразан рафт боз кард дар бо шитоб,
__Дид марде аст гадо, кардаш хитоб.
___Дод зад бар он гадо аз дар биронд,
__Баст дарашрову худаш танҳо бимонд.
___Боз зи нав аз пушти дар омад садо,
__Пиразан бо худ бигуфт; омад Худо.
___Бошитоб рафту дарашро кард боз,
__Кӯдакеро дид бо дасти ниёз.
___Кӯдаки бечора ларзон аз хунук,
__Дар танаш пироҳане дошт ӯ тунук.
___Гарм шудан мехост кӯдак он замон,
__Орзу мепарварид дар дил ниҳон.
___Пиразан аммо ба кӯдак дод зад,
__Рондаш аз дар бар сараш фарёд зад.
___Ронд кӯдакрову дари хона баст,
__Мунтазир дар хонааш танҳо нишаст.
___Руз бигзашту ғурӯб кард офтоб,
__Партав афшон дар ҳаво шуд моҳтоб.
___Ноумед шуд пиразан н-омад Худо,
__Ногаҳон аз пушти дар омад садо.
___Пиразан рафт он замон чашмаш ба роҳ,
__Дид зане бо кӯдакон бо оҳу воҳ,
___Он зани бечора гуфт мешав малул,
__Деҳ бароям дирҳаме гар дори пул.
___Ман харам бар кӯдакони худ ғизо,
__То Худо аз ҳимматат гардад ризо.
___Пиразан з-ин моҷаро шуд дар ғазаб,
__Бо суханҳои қабеҳ бикшода лаб.
___Гуфт; бирав ин дам зи пеши хонаам,
__Ҳайф донам ман ба ту кошонаам.
___Вақти хоб шуд гашта навмед пиразан,
__Ки чиро н-омад, чиро меҳмони ман?
___Хоб рафт ошуфтаҳолу хаста ҷон,
__Дид ба хобаш боз Худоро ногаҳон.
___Пиразан; пурсид ба хобаш аз Худо,
__Ки куҷо шуд ваъдаҳои ту, куҷо?
___Гуфти; ки меҳмони ойи хонаам,
__Пур зи файзат мекуни кошонаам.
___Гуфт: Худо бар пиразан, ай бехабар,
__Омадам се бор, бирондиям зи дар.
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Чаро аз ту чизе пурсидам бар ман надоди
Ё чаро бемор будам аз ҳолам напурсиди
Банда ҳайрон мегӯяд : магар Офаридагори олам бар чизе мӯҳтоҷ буд
Ё Офаридагори дарду даво бемор
Аллоҳ Таъоло мегӯяд!
Бандаи нодори ман наздат омад
Ӯро ронди
Дигаре бемор буд ба аёдаташ нарафти