Чаҳор нафар, ки ҳар як забони хосе доштанд, дар канори ҳам нишаста буданд. Марде омад ва як дирҳам ба онҳо дод, то чизе бихаранду бихӯранд. Миёни онон низоъ шуд.
Он ки форс буд, гуфт: -Бо он ангур бихарем.
Он ки араб буд, гуфт: -Бо он инаб (=ангур) бихарем. Он ки румӣ буд, гуфт: -Ман на ангур мехурам ва на инаб, балки фақат истофил (=ангур) дӯст дорам.
Туркзабон ҳам гуфт: -Ин ҳарфҳоро канор бигзорем, бояд биравем узум (=ангур) бихарем:
Чор касро дод марде як дирам,
Он яке гуфт: -Ин ба ангуре диҳам.
Он яке дигар араб буд, гуфт: -лo,
Ман инаб хоҳам, на ангур, эй даго!
Он яке турке буду гуфт: -Ин бинум,
Ман намехоҳам инаб, хоҳам узум.
Он яке румӣ бигуфт: -Ин қилро,
Тарк кун, хоҳем истофилро.
Низоъи онон боло гирифт ва ба ҷони ҳам афтоданд ва шурӯъ карданд ба кутаккорӣ. Бузурге чун ононро дид, оромашон карду гуфт: -Ман бо ин як дирҳам, хостаи ҳар чаҳор нафари шуморо фароҳам мекунам.
Он марди доно чун забони ҳар чаҳор танро медонист, ба онҳо фаҳмонд, ки ҳамаи онҳо як чиз мехоҳанд ва низоъи онҳо бар сари алфоз аст ва дар ҳақиқат ҳамаи онҳо дар пайи як чизанд:
Аз ҳадиси шайх ҷамъият расад,
Тафриқа орад дамӣ аҳли ҳасад.
Аҳли дил мардуми парокандаву ситезагарро бо ҳам ҷамъу муттаҳид мекунанд, чунон ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дилҳои парокандаро муттаҳид месозад!
Нафси воҳид аз Расули Ҳақ шуданд,
Варна ҳар як душмани мутлақ буданд.
Аз дафтари дуввуми “Маснавии маънавӣ" -и Ҷалолиддини Балхӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев