25. Аз Анас ибни Молик (р) ривоят шудааст, ки гуфт: Абӯзар (р) бароямон сухан мегуфт, ки Пайғамбар (с) фармуд: «Вақте дар Макка будам, сақфи манзилам шикофта шуд, пас, Ҷабраил (а) поён омаду синаамро шикофт ва онро бо оби Замзам шӯстушӯ дод.
Сипас зарфе аз тилло овард, ки пур аз ҳикмату имон буд ва дар синаам рехту онро ба ҳолати аввал баргадонид. Пас, дастамро гирифт ва Маро ба осмони дунё боло бурд. Вақте ба осмони дунё расидем, Ҷабраил (а) ба дарбони осмон гуфт: Дарро боз кун! Дарбон гуфт: Кистӣ? Ҷабраил (а) гуфт: Ҷабраил ҳастам. Гуфт: Оё касе ҳамроҳат ҳаст? Гуфт: Бале, Муҳаммад (с) бо ман аст. Гуфт: Оё даъват шудааст? Гуфт: Бале. Вақте дарро боз кард, ба самти боло ҳаракат кардем, марде он ҷо нишаста буд ва дар самти росту чапаш ашхосе буданд. Вақте ба самти росташ нигоҳ мекард, механдид ва вақте ба самти чапаш нигоҳ мекард, гиря мекард. Вақте маро дид, гуфт: Хушомадӣ, эй Пайғамбари солеҳ ва эй фарзанди солеҳ. Ба Ҷабраил (а) гуфтам: Ӯ кист? Гуфт: Ӯ Одам (а) аст ва ин афроде, ки дар самти росту чапаш қарор доранд, ҷонҳои фарзандонаш ҳастанд. Касоне, ки дар самти рост ҳастанд, аҳли биҳишт ва касоне, ки дар самти чап ҳастанд, аҳли дузах мебошанд. Вақте ба самти росташ нигоҳ мекунад, механдад ва вақте ба самти чапаш менигарад, гиря мекунад. Сипас, то ба осмони дуввум рафтем (ба осмони дуввум расидем). Ба дарбонаш гуфт: Дарро боз кун. Дарбон ҳамон чизҳое, ки дарбони осмони нахӯст гуфта буд, такрор кард ва дарро боз кард. Анас (р) мегӯяд: Пайғамбар (с) фармуданд, ки дар осмон Одам (а), Идрис (а), Мӯсо (а), Исо (а) ва Иброҳим (а) -ро дидааст, аммо макони онҳоро нагуфт, балки танҳо фармуданд: Одам (а) - ро дар осмони дунё ва Иброҳим (а)-ро дар осмони шашум дидаам. Анас мегӯяд: Вақте Ҷабраил (а) Пайғамбар (с)-ро аз канори Идрис (а) гузаронид, Идрис (а) хитоб ба Пайғамбар (с) гуфт: Хушомадӣ, эй Пайғамбари солеҳ ва бародари солеҳ. Гуфтам: У кист? Ҷабраил (а) гуфт: У Идрис (а) аст. Сипас аз канори Мӯсо (а) гузаштам ва У низ гуфт: Марҳабо, ба Пайғамбари солеҳ ва бародари солеҳ......
Давомашро дар ин группа 👉 https://ok.ru/group/54082шавед пайваст шавед ба хотири аллох опубликоват мекунам
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев