عن عبد الله بن عمرو عن النبي صلى الله عليه وسلم : انه ذكر الصلاة يوما فقال من حافظ عليها كانت له نورا وبرهانا ونجاة من النار يوم القيامة ومن لم يحافظ عليها لم تكن له نورا ولا نجاة ولا برهانا وكان يوم القيامة مع قارون وفرعون وهامان وأبي بن خلف. رواه أحمد
Ан Абдиллаҳ ибни Амрин анин набиййи саллаллоҳу алайҳи васаллама, аннаҳу закарас-салата явман фақола: Ман ҳафаза алайҳа канат лаҳу нуран ва бурҳонан ва наҷатан явал қиямати ва ман лам юҳафиз алайҳа лам якун лаҳу нурӯн ва ла бурҳанӯн ва наҷатӯн ва кана явмал қиёмати ма Қоруна ва Фиръавна ва Ҳамана ва Убай ибни Халафин».
«Касе, ки намозро барпо дорад, рӯзи қиёмат барояш нур, ҳуҷҷат(барои муъмин будан) ва наҷот мегардад. Ва касе, ки барпо надошт, рӯзи қиёмат барояш на нур аст, на ҳуҷҷат ва на наҷоте. Ва ҳамроҳи Фиръавн, Қорун ва Ҳомон (дар ривояти дигар Убайя ибни Халаф низ зикр шудааст) бошад, ки инҳо сари куфранд».
Ривояти имом Ахмад.
Дар ҳадисе, ки Анас ибни Молик ривоят кардааст, чунин омадааст:
فُرِضَتْ عَلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ الصَّلَوَاتُ لَيْلَةَ أُسْرِيَ بِهِ خَمْسِينَ ثُمَّ نُقِصَتْ حَتَّى جُعِلَتْ خَمْسًا ثُمَّ نُودِيَ يَا مُحَمَّدُ إِنَّهُ لَا يُبَدَّلُ الْقَوْلُ لَدَيَّ وَإِنَّ لَكَ بِهَذِهِ الْخَمْسِ خَمْسِينَ
رواه البخاري حديث حسن صحيح غريب
«Фуризат алан-набиййи саллалоҳу алайҳи васалламас-салату лайлата усрия биҳи хамсина. Сумма нақусат ҳатта ҷуъилат хамсан. Сумма нудия ё Муҳаммад: иннаҳу ла юбаддилул қавлу ладаййя ва инна лака биҳазиҳил хамси хамсина».
«Шаби меъроҷ ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам (ва умматонашон) 50 вақт намоз фарз гардонида шуд. Баъд ба 5 вақт кам карда шуд. Пас Худованд нидо кард: Эй Муҳаммад! Сухани ман табдил намеёбад, бо 5 вақт намоз бароят 50 вақт савобро ато менамоям».
Ривояти Имом Бухорӣ
Инчунин Худованд бандагонашро рӯзи қиёмат аввал аз намоз мепурсад. Чуноне ки дар ҳадис омадааст:
أَوَّلُ مَا يُحَاسَبُ بِهِ الْعَبْدُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ الصَّلاةُ ، فَإِنْ صَلُحَتْ صَلُحَ لَهُ سَائِرُ عَمَلِهِ ، وَإِنْ فَسَدَتْ فَسَدَ سَائِرُ عَمَلِهِ
رواه الطبراني في الصحيح
«Аввалу ма йуҳасабу биҳил абду явмал қиёмати ассалат. Фаин салуҳат салуҳа лаҳу саиру амалиҳи ва ин фасадат фасада соиру амалиҳи».
«Аввалин чизе, ки рӯзи қиёмат банда ҳисобу китоб карда мешавад, намоз аст. Пас, агар он дуруст бошад, дигар амалҳояш дуруст мегардад. Агар вайрон бошад, дигар амалҳояш низ фосид мешавад».
Ривояти Табаронӣ, саҳеҳ.
Намоз инчунин аввалин аз фарзҳое, ки аз байн меравад. Агар ин фарзи Илоҳӣ аз байн равад, донед, ки оҳиста-оҳиста дигар фармудаҳои Худовандӣ гум мегардаду қиёмат қоим мешавад. Маълум аст, ки қиёмат болои одамони бад қоим мешавад. Пас инсонро танҳо намоз ба ахлоқи нек роҳнамои ва устувор менамояд.
Худованд аз аҳли дӯзахиён чунин ҳикоят мекунад:
مَا سَلَكَكُمْ فِي سَقَرَ قَالُوا لَمْ نَكُ مِنَ الْمُصَلِّينَ
سورة المدثر:116
«Ма салакакум фи сақар? Қолу лам наку минал мусаллин».
«Ҷаннатиён аз дӯзахиён суол мекунанд: «Кадом кор сабаб гашт, ки шумо ба азоби дӯзах гирифтор шудед?» Дар ҷавоб гӯянд: «Моён аз ҷумлаи намозгузорон набудем».
Сураи ал-Муддасир, 42-43.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1