кардан, ибодат аст.
2) Дурӯғ чорхез мезанаду ҳақиқат
қадамзанон меравад, аммо боз ҳам ҳақиқат
дар вақташ мерасад.
3) Миллатҳо гуногун мешаванд, аммо
хубиҳо барои ҳама миллат яканд.
4) То он вақте ки лаззати дунёро аз худ
дур накунед, лаззати имонро нахоҳед
чашид.
5) Шахсе, ки пинҳонӣ хубӣ мекунад, ба
Худованд бовар дорад.
6) Мӯъҷизаҳо зиёданд, аммо ҳеҷ
мӯъҷизае бузургтар аз инсон нест.
7) Одами паст ғурури баланд дорад.
8) Заифтарин инсон онест, ки ғуломи
шаҳваташ гардидааст.
9) Бўи тифл бўи ҹаннат аст.
10) Пул инсони сохтаро тайёр мекунад.
11) Роҳи Пайғамбар (с) аз ихлос иборат буд.
12) Шахсе, ки ишқро девонагӣ
мепиндорад, аз сирри ҳаёт дур
мондааст.
13) Ишқ ду танҳоро ба якдигар
расонидан ва якдигарро муҳофизат кардан
аст.
14)Тилло ба замин афтад ҳам қадрашро
гум намекунад. Аммо инсоне ки обрўяшро гум
кард дубора бар намегардад.
15)Чашми қалб, ки пир шуд, аз чашми
сар фоидае нест.
16) Худованд қалби бесуханро гӯш
мекунад, аммо сухани беқалбро не.
17)Фариштагон Қуръон намехонанд,
аммо фурӯд омада, шахсони
қуръонхонро гӯш мекунанд.
18) Заҳматкаш вақти фикри бад кардан
надорад.
19)Афзалтарин ва болаззаттарин хӯроке, ки
хӯрда
мешавад, аз заҳмати дасти хеш аст.
20)Рӯбоҳ худро аз пасмондаи шер сер
мекунад.
21) Дар он ҷое, ки муҳаббат набошад, он
ҷо ақл ҳам нест.
22) Муҳаббат зебогии рӯҳ аст.
23)Мӯъмин бояд оромтабиат бошад.
24) Агар бадӣ кардан ғамгинат созад, пас
мӯъмини комил ҳастӣ.
25)Майл ба касе кун, ки бо рафтораш
насиҳат мекунад, на бо суханаш
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1