оё мехохи махбуби хамсарат бошӣ⭐
Дар хакикат махбуб шудан душвор аст, чунки махбубият хам дустурот ва кавонини худро дорад, агар он дустурот пиёда карда нашаванд махбубият хосил намешавад, аз хамин хотир бар худ лозим донистам, ки дастурот ва кавонине, ки бонувони мухтарамро махбуби хамсаронашон мегардонанд бинависам,
аз Худованди якто умед аст, ки агар бонувон ин дастуротро дар хаёти худ пиёда кунанд хатман махбуби хамсаронашон хоханд гашт ва хушбахтарин занони олам хоханд шуд.
1- Пайравӣ аз Худованд ва Паёмбараш (с) аланӣ ва пинхонӣ.
2- Хиёнат накардани зан дар нафси худ ва моли шавхар дар вакти набудани шавхар.
3- Хушнуд гардонидани шавхар бо табасум ё коре, ки сабаби хушнудии шавхар гардад.
4- Набаромадани зан аз хона магар ба ичозати шавхар.
5- Мубтасим будани зан дар рӯи шавхар дар хама холат.
6- Сипосгузор буданӣ зан барои шавхар ва шукр кардани Худованд, ки шахду шакари арусиро ба ӯ чашонда аст ва ӯро аз чумлаи модарон гардонида аст.
7- Ихтиёр намудани услуби хуб ва вакти муносиб барои талаб кардани чизе аз шавхар то хохишашро рад накунад.
8- Дорои рафтору кирдор ва гуфтори хуб бошад.
9- Аз хона барахна набарояд.
10 - хангоми сухан гуфтан бо шавхар овозашро ба рӯи ӯ баланд накунад.
11- Агар шавхараш факир бошад сабр кунад, агар сарватманд бошад сипосгузор бошад.
12- Хайрхох будан ва фаро хондан ба он.
13- Ба ростгӯи одат кардан ва аз дӯруғгӯи дурӣ чӯстан.
14- Мухаббати Худо ва расулашро дар дили фарзандон чой кардан.
15- Дурӣ чӯстан аз ғазаб.
16- Дигаронро мавриди масхараи худ карор надодан.
17- Аз кибру ғурур ва фахру худнамои дурӣ чустан.
18- хангоми аз хона баромадан бар хар тараф нигох накардан.
19- Зухду такво ва Худотарсиро дар дунёи фони ихтиёр кардан бо умеде, ки дар охират бо Парвардигори хеш мулокот мекунад.
20- Тавакал ба Худо кардан дар пинхонӣ ва аланӣ, аз рахмати Худо ноумед нашудан.
21- Анчом додани ибодатхое, ки Худованд фармуда аст.
22- Иътироф кардан ба инки шавхараш саийдаш аст.
23- Иътироф кардан бар инки мухимтарин чиз барои ӯ хаки шавхар аст.
24- Агар муртакиби хато шуд ба зудӣ иътироф кунад ва сабаби дар хато вокеъ шуданашро баён кунад.
25- хамеша дар зикри худо бошад ва забони худро ба зикри Худованд машғул кунад.
26- Бо зебои, чавонӣ ва донои фахр накунад, зеро инхо хама заволанд.
27- Дар бадану либос ва рафтор аз чумлай покдаманон бошад.
28- Итоъат аз шавхар кунад агар дар маъсияти худо набошад.
29- Агар чизе барои шавхараш хадя кард, минат накунад.
30- Рузаи нафлӣ нагирад магар ба ичозати шавхараш.
31- Ичоза ворид шудан ба манзилаш барои номахрамон надихад дар холати набудани шавхар, зеро зери шубха карор мегирад.
32- Вакте, ки шавхараш ба хамбистарӣ даъваташ кунад рад накунад, зеро то субхудам мавриди лаънати малоикахо карор мегирад.
33- Аз моли шавхар садака накунад магар ба ичозати шавхар.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев