🔸 Матни пурсиш:
Шиъа бар ин ақида аст ки сифоти зотияи Худо мисли илм, қудрат ва ҳаёти ъайни ҳамдигар ва ъайни зоти Худо ҳастанд ва тафовути онҳо бо ҳамдигар ва бо зоти Худо сирфан мафҳумӣ аст на ҳақиқӣ, вале ашоъира ки аксарияти қотеъи аҳли сунатро ташкил медиҳанд бар онанд ки сифоти зотияи Худо зоъид бар зоти Ӯ буда ва ъайни зоти Худо нестанд. Назари алломаи Хуросонӣ дар ин маврид чист?
🔸 Матни посух:
Дар мактаби аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, сифоти зотии Худованд, ъайни зоти Ӯ ҳастанд; Чароки зоти Ӯ мураккаб ва қобили таҷзия нест то ҷузъе аз он олим ва ҷузъӣ дигар қодир бошад ва зиёдат ва нуқсон бипазирад; Балки Ӯ дар ъайни олим будан, қодир ва дар ъайни қодир будани олим аст ва ҳаёти Ӯ чизе ҷуз илму қудрати Ӯ нест. Зоти Ӯ нуқсоне надорад то ба сифоте барои он ниёзманд бошад ва миёни сифоти Ӯ муғойирате нест; Балки зоти Ӯ чун бо назар ба маълумот лиҳоз мешавад, олим ва чун бо назар ба мақдурот лиҳоз мешавад, қодир номида мешавад ва бо ин васф, таъаддуди исмоъи Ӯ ба маънои таъаддуди мусаммӣ дар Ӯ нест. Ба иборати дигар, илми Ӯ ҳамон қудрати Ӯст ки ба ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1936/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев