Пас ин моҳи муборак аз дигар моҳои сол чи тафовуте дорад? Чаро ин бахшишҳо, раҳматҳо, некиҳо ва неъматҳои Илоҳӣ дар ин моҳ зиёданд на дар дигар?
Посух ин аст:
1- Худованди карим дар моҳи мубораки рамазон Қурони каримро ба Паёмбар (с) фуруд оварда аст, ва мефармояд:
Моҳи рамазон моҳест, ки фуруд оварда шуд дар ин моҳ Қурон, роҳнамо барои мардумон ва суханони равшан аз ҳидоят ва аз ҷудо кардани ҳақ ва ботил. ( сурай Бақара,185)
Қурони карим дустури башарият аст, китобест ба роҳи рост ҳидоят мекунад, ҷудокунанда байни ҳақу ботил аст, пас бар мост хондани ин китоб ҳифз кардани ин китоб амал кардан бар ин китоб.
2- Дар моҳи рамазон дарҳои ҷанат боз карда мешаванд, дарҳои дузах баста мешаванд, шайтонҳо занҷирбанд карда мешаванд.
Дар ривояти Имом Бухорӣ чунин омада аст: Паёмбар (с) фармуданд: Вақте, ки моҳи мубораки рамазон фаро расид дарвозаҳои биҳишт боз карда мешаванд, дарвозаҳои дузах баста мешаванд, шайтонҳо занҷирбанд карда мешаванд.
3- Некиҳо дучанд навишта мешаванд, бадиҳо маҳв карда мешаванд.
Касе, ки шахси рузадоро ифтор диҳад монанди рузадор аҷру савоб мегирад. Паёмбар (с) мефармояд: касе, ки рузадоро ифтор диҳад монанди у аҷру савоб мегирад ва аз аҷру савоби рузадор чизе кам намешад.
4- Шаби қадр дар моҳи мубораки рамазон ҷойгир аст, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст, шаби пурбаракат аст, касе, ки дар ин шаб як амали нек анҷом диҳад ҳазор навишта мешад, шахсе, ки аз баракати ин шаб маҳрум монад аз ҳазор хайр боз мемонад. Паёмбар (с) мефармояд: дар ин моҳ шаби қард вуҷуд дорад, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст, касе, ки аз хайраш боз монад аз ҳама хайр боз мемонад.
5- Фуруд омадани малоика аз осмон дар шаби қадр:
Худованд мефармояд: фуруд меоянд фариштагон ва руҳ да ин шаб. (сурай қадр, 4)
6- Хурдани суҳур, ки дар уматон пеш набуд. Паёмбар (с) мефармояд: фарқ байни рузаи мо ва рузаи уматони пеш хурдани суҳур мебошад, боз мефармояд: суҳурро хуред, зеро дар он баракат аст.
7- Дар моҳи мубораки рамазон ғазваи Бадр ба вуқуъ пайваст, ки малоика ҳамроҳ бо муминон дар муқобили мушрикон ҷангида буданд.
8- Мусалмонон Маккаро дар моҳи рамазон фатҳ карда буданд, ки нури ислом аз онҷо ба анҳои олам мунташир шуд, мардум баъди фатҳи мубин гуруҳ гуруҳ ба ислом пайвастанд, ширку будпарастӣ аз бех канда шуд.
9- Аҷру савоби умраи моҳи рамазон баробар ба аҷру савоби ҳаҷ ҳамроҳи Паёмбар (с) аст, касе, ки дар моҳи рамазон адои умра кунад гуё бо Паёмбар (с) ҳаҷ карда аст. Паёмбар (с) мефармояд: касе дар моҳи рамазон адои умра кунад гуё ба ман ҳаҷ карда аст.
10- Моҳи шарифи рамазон сабаби бахшидани гуноҳон ва хатоҳо мебошад.
11- Яке аз хусусиятҳои моҳи рамазон намози таровиҳ мебошад, тамоми мусалмонон дар масҷид ҷамъ омада намози таровиҳро мегузоранд, ки дар дигар моҳо намебошад.
12- Дигар хусусияти моҳи рамазон дучанд шумурдани кори нек мебошад, вақте, ки паёмбар (с) ро пурсиданд кадом садақа беҳтар аст? гуфт: садақа додан дар моҳи рамазон.
13- Хосияти дигари ин моҳ, саховатманд шудани мардум дар моҳи рамазон аст.
14- Моҳи мубораки рамазон яке аз рукнҳои ислом мебошад, имони банда комил намегардад магар инки ба ҳамаи рукнҳои ислом имон орад.
15- Дар моҳи мубораки рамазон хайру саховат, тарки гуноҳ, қаробат ба Худованд зиёдтар мушоҳада карда мешавад, ҳамин аст, ки баракати моҳи мубораки рамазон аз дигар моҳои сол зиёдтар аст. Дар охир аз Худованд хоҳонем, ки рузаву тоату ибодати мо бандагони мустазъафро дар моҳи мубораки рамазон бесамар нагардонад ва мавриди пазиоии Худованд гарданд.
Моҳи рамазон моҳи бо арзишест. Дар ин моҳ дарҳои биҳишт боз мешавад ва дарҳои ҷаҳаннам баста мешавад. Моҳест, ки Аллоҳи мутаъол онро ба дигар моҳҳо бартарӣ дода ва Аллоҳи мутаъол ин неъматро ба бандагон дода, ки дари раҳмат ва ӯмеди наҷот аз оташро бар эшон бигушояд ва Аллоҳи мутаъол дар ҳар шаб гуруҳеро аз оташ раҳо месозад ва мӯминон бояд барои ин моҳи муборак омода шаванд ва қабл аз расидани ин моҳ худро омода созанд, ки ин моҳ, меҳмони бузургвораст ва дар сол фақат якбор рух медиҳад.
Моҳи мубораки Рамазон,беҳтарин моҳ дар тӯли як сол мебошад.Рамазонҳам яке аз асосҳои Ислом буда,ибодати моҳонае дар як сол мебошад,яъне ибодати мавсимӣ.Рӯза ибодатест, ки қадри неъмату неъматдиҳандаро дучанд мегардонад,нафсро тарбия мекунад,аз ҳоли фақирон бархурдор мекунад ва албатта,ки ба парҳезкор раҳнамоӣ мекунад.Рӯза дарки неъмат аст.Аллоҳ таъоло дунёро барои мо бандагон чун дастархоне бо неъматҳои бепоён халқ кардааст.
Дар яке аз ҳадисҳои худ ,паёмбари гиромии Ислом Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с.) мефармояд: " Ҳар касе рӯзаро боимону боихлос бигирад,гуноҳҳони гузаштааш бахшида мешавад".
Худованди азза ва ҷалл низ мефармояд:"Ҳамоно рӯза бар Шумо фарз шуд,чунон ки бар пешиниён фарз шуда буд".
Ба тақво руй овар,эй ҷигарбанд,
Битарс аз қудрату хашми Худованд!
Бибояд аз гунаҳ маҳфуз бошӣ,
Ба кори бандагӣ ҳарруз бошӣ!
Шахсан ман ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба фарорасии ин моҳи мубораку Шарифи Рамазон табрик намуда, ҳамаи Шуморо дар рӯзадорӣ сабру таҳаммул ва дар хонадонатон хушбахтию тансиҳатӣ хоҳонам
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев