Дар Россия амалиёти тарҷумаи расмӣ аз забоне ба забоне хусӯсиёти хӯд дорад ва дар як сухани кутоҳ онро мешавад баён кард. Мушкили хеле муҳим он аст, ки дар Россия як қонуне, ки бар асоси он тарҷумоне ҳақи тасдиқи қонунии санади тарҷумашударо монанди нотариус дошта бошад, вуҷӯд надорад. Ба ҳамин хотир шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Россия ҳузӯр доранд, ба хусӯс шаҳрвандони ҷумҳӯриҳои собиқи шуравӣ аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, агар мехоҳанд расман ҳуҷҷат ва ё санадҳои хӯдро ба забони русӣ тарҷума диҳанд маҷбур ҳастанд ба агентствоҳои тарҷумавӣ муроҷиа кунанд. Дар ҳамин агентствоҳо аз хориҷиён пули хеле зиёде талаб мекунанд ва тазмин аз кори тарҷумаи дуруст ва қонунӣ ҳеч касе аз кормандони онҳо намедиҳанд. Агентствоҳои мазкур пеш аз кор анҷом додан аванси 50 фоизӣ, ва дар баъзи суратҳо то 100 фоизӣ-ро мегиранд ва ба пайдо кардани тарҷумони муносиб мепардозанд. Баъд аз анҷом додани тарҷума, тарҷумон барои тасдиқи амали тарҷума (тасдиқ кардани санади тарҷумашударо) дипломи оид ба таҳсилоташ ва ё донистани забони хориҷӣ-ро ба нотариус бояд нишон диҳад, ва агар намедиҳад, нотариус дар навбати хӯд ҳамин тарҷумаро тасдиқ нахоҳад кард ва санади тарҷумашуда қонунӣ гардонида намешавад. Ва агар хӯб, тасдиқ ва қонунӣ гардонида шуд саранҷом барои тамоми он кор сифоришдеҳанда барои анҷом додани амалиёти тарҷумаи расмӣ ба:
1) Агенствои тарҷумавӣ,
2) Худи тарҷумон,
3) Нотариус,
4) Барои хизмати таълиф, чоп кардан, таҳрир ва ғайра ба ҳамин агентство
пули зиёде мепардозад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев