Таълими хати арабӣ-форсӣ яъне алифбои арабии тоҷикӣ ва ба ин васила шинос шудан бо мероси фарҳангии маданияти куҳни тоҷикон, ки дар муддати беш аз 1200 сол бо алифбои арабӣ-форсӣ иншо шудааст, муҳимтарин вазифаи ҳар яке аз тоҷиконе аст, ки ташнаи ошно шудан бо илм ва адабиёти қадимаи халқи хӯд мебошад.
Бе донистани хати арабӣ-форсӣ, омӯхтан, тадқиқ кардан ва дастраси умум гардонидани осори бузӯрги халқи тоҷик барои коршиносон, мутахассисон ва ҳар одами алоқаманд муяссар нахоҳад гардид.
Чунонки ҳамаи мо медонем аз асри 8-ми мелодӣ то солҳои сиюми асри 20-ми мелодӣ тамоми осори тоҷикон бо алифбои арабӣ-форсӣ ё фарқ намекунад, арабӣ-тоҷикӣ, сабт шудааст.
Алифбои арабӣ иборат аст аз 28 ҳарфи махсуси хӯд. Амо барои ба таври олӣ пайваст кардани он бо забони тоҷикӣ-форсӣ бузӯргони халқи тоҷик чаҳор ҳарфи дигар илова кардаанд ва миқдори ҳарфҳои он ба 32 ҳарф расид. Ин ҳарфҳои پ (п - пэ), ژ (ж - жэ), چ (ч - чим) ва گ (г - гоф) мебошанд.
Алифбои арабӣ-тоҷикӣ муқоиса ба дигар хатҳо хусӯсиёти хосе дорад. Масалан бо ин алифбо аз рост ба чап менависанд; аз ҳарфи аввалии калон, ки ҳар калима ё вожа аз он сар мегирад, маҳрум мебошад; тарзи навиштани ҳарфҳои он дар ҷойҳои гуногуни калима (дар аввал, байн, охир, алоҳидагӣ) фарқи зиёде дорад. Баъзе аз овозҳои ин алифбо дар калимае талаффуз мешаванд вали дар хат иншо намегарданд. Идома дар https://perevodfarsi-tajik.ru
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев