Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ки китобхонаҳои ҷумҳурӣ ҳамасола бо адабиёти тозанашри ватанӣ таъмин карда мешаванд.
Ба гузориши манбаъ:
Тибқи омор, айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 71 китобхонаҳои марказӣ ва 1290 филиал китобхонаҳо бо фонди зиёда аз 16 млн, нусха китоб ва дигар маводи иттилоотӣ, қариб чор ҳазор китобхонаи мактабӣ, 76 китобхонаи бачагона ва теъдоди зиёди китобхонаҳои шахсӣ ва иттифоқҳои касаба фаъолият доранд.
Дар ин боар вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ низоми густурдаи китобхонаҳо: Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, китобхонаҳои низоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, фаъолият доранд.
Ҳамчунин дар қаламрави Тоҷикистон китобхонаҳои пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, инчунин китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, муассисаву ташкилот ва китобхонаҳои хусусӣ низ фаъолият доранд. https://tajikpress.com/2023/05/13/%d0%be%d0%bc%d0%be%d1%80%d0%b8-%d0%b0%d0%b7-%d0%ba%d0%b8%d1%82%d0%be%d0%b1%d1%85%d0%be%d0%bd%d0%b0%d2%b3%d0%be-%d0%b2%d0%b0-%d0%ba%d0%b8%d1%82%d0%be%d0%b1%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%b2%d2%b7/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев