Ёров аз зиндон дар бораи ҷузъиёти парвандаи нав алайҳи вай
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи зиндонии тоҷик бо ирсоли як нома аз зиндон ҷузъиёти парвандаи нав алайҳи худро шарҳ додааст.
Наздикони вакили зиндонӣ дар оғози моҳи апрел аз боз шудани боз як парвандаи дигар нисбат ба ӯ ба Радиои Озодӣ хабар дода буданд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, парвандаи акнун чаҳорум нисбат ба адвокати пешин аз сӯи Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ боз шудааст.
Як муфаттиши ин Раёсат, рӯзи 4-уми май дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ, бидуни зикри номаш гуфт, парвандаи Бузургмеҳр Ёров махфӣ аст ва онро шарҳ дода наметавонад.
Бузургмеҳр Ёров дар номаи худ, ки нусхаи он дастраси Озодӣ шуд, навиштааст, парвандаи нав нисбати ӯ бо ҷурми “қаллобӣ” ва бар асоси шикояти маҳбусе бо номи Ҳасан Ҳасанов боз шудааст.
Маҳбуси даъвогар иддао кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш аз пайвандони ӯ бо ваъдаи озодии Ҳасанов аз маҳбас ва пешниҳоди кумаки ҳуқуқӣ, 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтаанд. https://tajikpress.com/2023/05/07/%d0%bd%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d0%b1-%d1%91%d1%80%d0%be%d0%b2-%d0%b0%d0%b7-%d0%b7%d0%b8%d0%bd%d0%b4%d0%be%d0%bd-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b1%d0%be%d1%80%d0%b0%d0%b8-%d2%b7%d1%83%d0%b7%d1%8a%d0%b8%d1%91/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев