🔸 Матни пурсиш:
Бо ташаккури самимона аз посухҳои комил, мустадал, дақиқ ва зебои шумо ки инсофан дар ҳеҷ як аз сайтҳои Исломӣ суроғ надорем ва мояи ҳидоят ва маърифати мо дар ин рӯзгори ҳайрат шудааст. Лутфан «Мӯъҷиза» ро барои мо таъриф кунед ва бифармойед ки тафовути он бо сеҳр чист? Бо таваҷҷуҳ ба инки имрӯза соҳирони бедин дар Ҳинд ва Жопун ва ҷоҳойи дигар корҳои хориқулода ва муҳайярулуқуле анҷом медиҳанд ки дар зоҳир тафовуте бо «Мӯъҷиза» надорад ва ҳатто баъзан ба қасди шабиҳсозӣ ва муъориза бо мӯҷизоти анбиё анҷом мешаванд!
🔸 Матни посух:
«Мӯъҷиза» дар луғат ба маънои «Оҷиз кунанда» ва дар истилоҳ ба манъони чизӣ ғайри мумкин барои инсон ва ҷин аст ки муддаъии интисоб аз ҷониби Худованд ба мансабӣ мумкин, дар пайи эъломи қаблии худ ё дархости мардум ё ба наҳве ки таъллуқи он ба ӯ ва далолати он бар сидқи иддаъояш қатъӣ бошад, изҳор мекунад. Бинобарин, метавон гуфт:
Аввалан «Мӯъҷиза» чизе аст ки изҳори он барои ҳеҷ инсон ва ҷинне –аз он ҳайс ки инсон ва ҷин аст– имкон надорад; Монанди табдил кардани асо ба аждаҳо ва хориҷ кардани шутур аз кӯҳ ва зинда кардани муҷассамаи гилӣ ва ҷорӣ сохтани об аз ангуштон ва ду ним кардани моҳ дар осмон ва овардани китобе монанди Қуръон ки барои ҳеҷ инсон ва ҷинне имкон надорад ва ин аз он рӯст ки агар ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3410/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев