Мехохам фаромушат кунам. Мехохам
зиндагиамро аз сари нав огоз кунам. Мехохам дунёям мисли дунёи
туи бевафо равшан гардад. Мехохам лабхоям мисли лабхои туи
бевафо хандаро бинад ва ханда аз лабонам дур наравад. Мехохам
фаришта аз хандахои ман лаззат барад. Ту аз ман рафтиву дунёятро аз
нав огоз карди. Аз рафтани ту дунёи ман сиёху танг шудааст. Дилам
ба дарди бедаво гирифтор шуд. Ин дил намехохад дигареро ба худ
наздик кунаду чои туи бевафоро иваз кунад. Намедонам ту дар дили
ман чи гузошта рафти, ки баъди рафтанат туро каме хам фаромуш ё
аз хотир бароварда наметавонам. Ин дарди диламро, ин ашкхои
чорикардаамро, ин ранчу азоберо, ки мекашам, мехохам ту низ
биниву ба кадрам раси. Мехохам бо дарди ишки ту бокимондаи
умрамро гузаронам. Лекин аз Худо мехохам бори дигар туро бинам,
харчанде ки туро дигар дар огуш гирифта наметавонам, лекин ин
дили дардманд мехохад туро боре ба огуш гирифта худохофизи
кунад. Намехохам зиндагиат мисли ман сиёх гардад, намехохам, ки
мисли ман хама вакт гаму гусса ошноят бошад. Бовар кунед, дилам
мехохад бинолад ва дардашро дар инчо барорад, лекин афсус дигар
сабрашро надорам, рузе девона хохам шуд. Охир чи кор кунам,
сарамро ба кучо занам, чиро истеъмол кунам? Бовар кунед, дарди
ишк вазнин аст. Хушо ба холи ошиконе, ки зиндагиашон хушу
хурсанд мегузарад. Шояд хатои ман буд, ки ошик шудам? Эй ишк,
дилам ором зистан намехохад...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев