Роҳпаймоии таҷлил аз 46-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар хиёбонҳои саросари Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, субҳи имрӯз душанбе мардуми Эрон роҳпаймоии таҷлил аз 46-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эронро оғоз карданд.
Бар асоси гузоришҳо, қарор аст, ки Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар пойтахти ин кишвар ба муносибати таҷлил аз 46-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ суханронӣ кунад.
Ин маросиси таҷлил ва роҳпаймоӣ дар ҳамаи шаҳрҳо ва деҳаҳои Эрон баргузор мешавад ва 7 ҳазору 200 хабарнигор ва аксбардор ин рӯйдоди бузургро гузориш мекунанд.
Мардуми Эрон дар ин роҳпаймоӣ илова бар парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон парчами Фаластинро ҳам дар даст гирифтанд.
Аз ҷумлаи мавридҳои қобили таваҷҷуҳ, ки ҳар сол дар ин роҳпаймоӣ мушоҳида мешавад, парчами баргашта ва тобутҳое бо рамзи режими Исроил ва ҳамчунин сарони саҳюнистии он аст, ки мардуми Эрон ҳамсадо бо Ғазза нафрати худро аз ҷиноятҳои Исроил эълон мекунанд. https://tajikpress.com/2025/02/10/%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d1%83%d0%bc%d0%b8-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-46-%d1%83%d0%bc%d0%b8%d0%bd-%d1%81%d0%be%d0%bb%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%b8-%d0%b8%d0%bd%d2%9b%d0%b8%d0%bb%d0%be%d0%b1%d0%b8-%d0%b8/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев