75 комментариев
    18 классов
    46 комментариев
    13 классов
    ЭЪЛОН! ЭЪЛОН! ЭЪЛОН!!! Барои ёфтани Сироҷиддин Бурҳонов кӯмак кунед, дӯстони азиз!!! Сироҷиддин Бурҳонов, сокини Ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш буда, соли таваллудаш 2007 мебошад. Аз 13.09.24 аз хона баромада дигар барнагаштааст. Хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56-и ноҳияи Вахш мебошад. Шахсоне, ки Сироҷиддинро дидаанд ва дар борааш маълумоте доранд хоҳишмандем ба рақами +992903212107; 934203636 дар тамос шаванд. ПАДАР ВА МОДАРИ Сироҷиддин чанд рӯзаст, ки ӯро меҷӯянд ва аз ҳамаи мо хоҳиш доранд, то ба онҳо кӯмак расонем. Бетараф набошем, ҳамдиёрони азиз!!!
    42 комментария
    109 классов
    БАРОИ ЧӢ МАРДҲО ЗАНИ БЕҲТАРИН ДОРАНДУ БОЗ ЗАНИ ДУЮМ МЕГИРАНД ? 🥱😭😟 Амина Рахимзода
    99 комментариев
    15 классов
    Салом Хонандагони азиз! Бародарону хохарони гироми! Ман як тан мухлиси гурухи Кошонаи Шахло харчанд вакт наёбам хар маколаашро мутолиа кунам вале кушиш мекунам мавзуъхои ачоибашро би хонам. Ман 26 сол дорам. Оиладор сохиби як писарчаи дуструяк. Маълумотам оли дар холи хозир бекор. Дар оилаи миёна ба воя расидаам. Фарозу шеби зиндагиро то хадди имкон медонистам вале баъди оиладор шудан хубтар дарк кардам. Духтараки пургурур будам хатто аз падари худ пул намепурсидам. Кушиш мекардам мушкилихоямро худам хал кунам. Баъди ба шавхар баромадан тамоман дигар шудам Холати рухию чисмониам, баъзе характерхоям... Шавхарам бехтарин инсон аст вале бемор аст😒 Маъюби гурухи дуюм. Ин бароям мухим нест чунки Худованд уро дар такдирам навиштааст. Ахли Оила инсонхои хуб вале мушкилоти иктисодиамон вазнин. Шавхарам падару бародар надорад. Кудакони ятим дорем дар хона. Хуллоса мушкилихои зиёди зиндаги рухияамро хароб кардааст. Хамеша гамгин маъюс дилшикаста хатто баъзан худамро ахмият намедодаги шудам. Хатто дар кори хона ноухдабарои мекунам дастам пеш намеравад. Дилам гамгин. Барои бехтар намудани шароити зиндагиамон фикр кардам ки ру ба тичорат биёрам аз хозир рохи зиндагиамро ёбам токт дар оянда фарзандам азоб накашад мардум нагуяд ки Фалони падари бемор дорад камбагал аст кумакаш кунем🥺🥺🥺🥺🥺 Ин чизро асло намехохам. Шабу руз фикр мекунам ки чи кор кунам ояндаи фарзандам хуб шавад. Асабхоямро хароб кардаам аз фикри зиёд. Ягона орзую максадам тичорат кардан аст вале намедонам бо кадом пул. Шояд акламро хурда бошам ки ба умеди бегонагон шуда мурочиат мекунам ки сохибкорон зиёданд шояд нафаре пайдо мешаваду дастамро мегирад ва ман мувафак мешавам. Вале дар ин давру замон ки дасти киро мегирад?! Мактубхо ирсол кардам ба макомотхои дахлдор Хатто ба Дастгохи Ичроияи Президенти хамааш бенатича🥲 Хатто дар мактубонам кайд кардам ки кумакпулие ки аз шумо мегирам шояд бо гузашти замон бар баргардонам ё ба ягон ниёзманди дигар медихам... вале ку гуши шунавою дасти сахи.... Ман модаре хастам ки рахми хамаро мехурам фахмищам оиди зиндагии хар ду дунё хуб аст. Вале аз фикри зиёд ягон руз девона мешавам😪 Кумакам кунед Аз ин холат бароям аз Худованд умри дароз намехохам вале Гами ояндаи писарамро бисёр мехурам ки ин асабхоямро монда кардааст. Орзу дорам дуо мекунам ки писари ман дар оянда Чавонмарде шавад ки дастгири камбагалону факирон шавад🤲 барои ин бояд ман аз худи хозир мехнат кунам ояндаи фарзандамро нек созам. Ба маслихатхои шумо ниёз дорам. Чи кор кунам худро аз ин холат барорам. Дарк кунам ки аз бегонагон кумакпули чустан шояд аблахи бошад! Илтимос факат маслихат дихед сарзаниш накунед. Худамро хар ләззат сарзаниш мекунам бароям басанда аст. Бо эхтиром М....
    2 комментария
    8 классов
    Сахттарин рӯз дар ҳаёти бонуҳо ? Назари Шумо. Савол аз Махфират Каримова
    41 комментарий
    10 классов
    Рачабали Фаизуллоев ДУХТАРИ ХАМСОЯ ( кисса) кисми хотимави Дах дакика мунтазир мондам, ки Райхона аз хавлиашон баромада ба наздам омад.Дар чехрааш осор и мондаги аз ташвишхои рузгор мушохида карда мешуд. - Салом, азизам, дигар моро хабар намегири?- табассумомез гуфтам ба у - Ба корхои хона машгулем,- шармгинона гуфт у - Модарам бисер едат мекунад. - Медонам. - Гох- гох бие хабараш бигир! - Падарам намемонад! - Барои чи? - Надонам, мегуяд духтар пеш аз туяш ба хонаи домод равад, мардум гап мекунанд. - Ту акнун хамсари ман мешави, аз пагох хонаи мо омадан гир! - Падарам ичозат намедихад, агар фахмад ки ман хонаи Шумо рафтам, маро ок мекунад, - аз пурсишхои ман хандааш омад. - Баьд то рузи туя намеои? - Номаьлум, яке ягон чиз лозим шава, кати модарам меоям! - Агар ягон гапи гуфтании дигар надошта боши, ман меравам, очам нигох дора... - Маили бирав, модарта салом гуи!- дидам ки духтар саросема аст, гуфтам ба у. Пас аз рафтани у худамро хеле маломат кардам. - Наход духтар ба пешат биеяд хамрохаш гап зада натавони!? Кучо шуданд он суханхои пурхарорат, ки шабхо ба едаш фикр мекардию мегуфти.Умуман бо духтар дарди дил карда наметавони,- хешро мазаммат мекардам. Пагохи гаиричашмдошт Райхона ба хонаи мо омад.Уро дар хавли дида чони нав гирифтам.Маьлум, ки суханхои ман таьсираш кардаст. - Холам ку?- пас аз салому алейк пурсид у. - Намоз мехонад!- гуфтам ба у - Ба хаир аст? - Гапаш доштам! - Бие то намозро адо кардани модарам, хонахоро як тамошо карда баро, кадомаш ба ту маькул мешавад! - Ман интихоб намекунам, интихобро Шумо кунед!- гуфт Райхона. Машгули сухбат будем, ки модарам аз хона баромада ба назди Райхона омад. - Бие духтарам, хуби, нагзи,хонагихо созаи? - Шукр холачон хама нагз, гуфтам як хабаратон бигирам. - Хуб карди духтарам, ин хона дар оянда аз ту мешавад, кадом вакт дилат хост, омадан гир!- фахмонд модарам ба у -Пагох насиб куна хакки ширатро мебарем, рузи туя аник мекунем, вакт тез мегузарад- ба Райхона нигариста гуфт модарам.Райхона шояд аз ман шарм медошт, ки дар чавоби суханхои модарам сарашро хам карда ба замин дида медухт. Вай хамрохи модарам хеле сухбат карда ба хонаашон рафт. Пас аз ду руз падарам 25 хазор гирифта ба хонаи духтардор рафт. Маросими хурсандии моро пас аз ду хафта монданд. Райхона духтаре ки аз хурдсолияш дар хонаи мо калон шуда буд, хамсарам гардид.Дар рузи туи модарам бо умеди хушбахти ва саодати рузгори мо хеле ракс кард.Падарам низ ба мо навхонадорон дар хаети оилави умри дароз ва тани сихат орзу кард. Хурсандии мо хуб гузашт. Зиндаги хамин гуна гардишхо дорад.Як руз гамгини, рузи дигар шоду масрур! Ба навхонадорон гуфтаниям аз зиндаги домангир набошед, зеро рузхои хуб дар пешанд!
    59 комментариев
    27 классов
    😭Ишки духтари камбагал😭 Муаллиф ✍️ Шахлои Начмиддин ✍️💐 Манзура ба назди тарабхона расиду якбора ба пойхояш ларза дамид. Аз дасти кудаконаш дошту дигар ёрои рафтан накард.Дилаш харосид аз хонаводаи золими собик шавхараш. Аз тарабхонаи Симин садои хофиз баланд садо дода садои хайхую хурсанди ба гуш мерасид. Замоне 12 сол пештар Манзура пахлуи домоди имруза нишаста дар хамин тарабхона туйи аруси дошт. Манзура духтари муаллими оддии деха буд. Модараш хонанишин. Пули муаллими аз аввал ки захматталабу дандоншикан буд, зиндагии онхо хам кашоккона мегузашт. Оилаашон аз хашт нафар иборат буд. Манзура духтари аввали хонавода буд. Се додару ду хохари кучак дошт. Зиндагиашон камбагалона мегузашт. Манзура нисбати баъзе аз хамсинфхояш дар хондан аълохон хам бошад.дар чихати либоспуши хеле кашшок буд. Охир пули мегирифтагии падараш базур барои харидани орду махсулоти хурока мерасиду халос. Онхо нисфирузи хурок намепухтанд, чунки мањсулоти хурокаашонро сарфакорона истифода мебурданд. Дар се мох як бор оши палав мепухтанд. Модараш доимо бемор буд. Солхои сол дар колхоз кор карда саломатии худро аз даст дода буд. Манзура хост ки ба колхоз ба кор дарояд, аммо падараш хохиш кард, ки новобаста аз мушкилоти рузгор аз хондан даст накашад. Дугонахояш доимо уро таъна мекарданд, ки чаро ягон куртаи нав надори, хамеша либосхои кухнаву саддарбех мепуши. Манзура пинхони пушти хонаашон ки дарёи Кофарнихон мегузашт, рафта мегирист, ба об рози дилашро мегуфт. …Камбагалї аз марг хам бадтар будааст. Хама дар руяту пасат механданду таъна менамоянд. Ба одамони хушбахт бо хавас менигари. Аз назди магозаву бозорхо гузашта аз буйи лазизи сихкабоб ба хасрат меои. Мехохам ки шаб хоб кунаму дигар аз хобам барнахезам. Чунин зиндагии камбагалона ба дилам задаст. Падарам доимо насихат мекунанд, ки шукр кунем ба хама чизи додаи Худованд. Шукр мекунам, аммо ба додарону хохарони нимгуруснаам нигариста дилам месузад. Модарам ку доимо хакки худро нахурда ба фарзандон медихад. Камбагали дард аст. Амакхоям бо сабаби камбагалии падарам умуман ба хонаи мо намеоянд. Ахли деха дар идхои рамазону курбон ба хонаи мо намедароянд. Мегуянд, ки хонаи онхо чизе надорад. Афсус…. Манзура кушиш мекард, ки хамаи дарсхоро аз худ карда мактабро бо бахои хубу аъло тамом кунад. Орзу дошт, ки ба донишгохи тибби бо дониши худаш дохил шуда духтур шавад. Вакте ки ин орзуяшро ба падараш гуфт, падар охи сарде кашида аз дил гузаронид, ки холо айни дохил шудани писарони вазирону сарватмандон. Барои дохил шудан пули хеле калон даркор аст. Манзура рузе чун хамешаги лаби об рафту нишаст. Ногахон он тарафтар гурухи чавонписарону чавондухтарони масту махмурро дид, ки телефонхои мобилии худро гирён карда дар тахти садои мусикии аврупоии он мераксиданд. Манзура ин холатро дида тарсид ва зуд рохи гурезро пеш гирифтани шуд. Аммо ин дам чавонписаре назди у давида омада аз дасташ дошт. -Духтари хола, исто, кучо мегурези, намехуремат -Сар дихед дастамро ака -Ака нагу,-чавонписар аз тахти руйи ў бодиккат нигох карда зери лаб гуфт: -Ачаб духтари хушру будаи. Таги санги. -Чи? -Мегуям, ки дар шахр ин хел духтари хушруро надида будам. Нишонита гу , ман туро ба зани мегирам. Ин дам чавонписар дасти уро сар доду духтарак давид. Манзура ба хона омаду вазнин-вазнин нафас кашида ба оина нигарист. Аз тарс хун дар руяш намонда буд. Охир аввалин бор дасташ ба дасти љавоне расида буд. Меларзид тамоми баданаш аз тарсу хаячон. Чехраи зебову аврувони пайвастаи чавон аз пеши дидагонаш хеч дур намешуданд. Шабона дар бистари хоб пахлу ба пахлу гашта ин лахзаро ба хотир меоварду дар лабонаш табассум давр мезад. ..Чи кадар чавони зебо. У ки бошад? Чаро дигар хамрохонаш раксида меистоданд, у бошад дуртар менишаст. Ба одамони нушидаги монанд набуд. Ачабо, ба ман чи шуда бошад? Уро аз хотир фаромуш карда наметавонам. Акнун Манзура дар дарсхо хам хотираш парешон гашта гоххо бахои чор мегирифтаги шуд. Ишк беихтиёр дар дилаш лона дохта уро аз худ бехуд мекард. Акнун дар дафтари хотироташ (ки он вакт духтаракони мактабхони деха анкета гуён расм кашида ба якдигар медоданд, яке рубои менавишту дигари мисрае) урози дили ошикашро менавишту менавишт. …Ба чуфти ситорахои осмон бо хавас менигараму хайёлан ба ёрам мурочиат менамоям: -Эй ёри чону муниси дили бекарор. Хохам ки ману ту чун он чуфти ситорахои осмони то абад хамроху хамроз ва вафодори хамдигар бошем. Кош чунин бошаду ахтари икболи мо дар осмони мухаббат доимо шуълапоши намояд. Кош…Манзуру кунун зуд-зуд ба лаби дарёи Кофарнихон мерафт, аммо аз он чавон дараке набуд. Хар субх Манзура дар дил аз Худо зори мекард, ки азизи дури дурашро барояш бирасонад. Аммо аз байн ду мох гузашту аз чавони пайвастаабру нишоне набуд. Ногахони касалии модари Манзура авч гирифту у дигар аз гап задану рох гаштан монд. Манзура шабу руз модарро нигохубин карда дуояшро мегирифт. Дере нагузашта модараш бо сад армон ин дунёро тарк намуд. Он вакт Манзура дар синфи нухум мехонд. Замину осмон пеши чашмони Манзура сип-сиях гашта дилаш аз оламу одам сард гашт. Барои марги модар месухт мисли оташ бедуд. Падараш хам баъди марги хамсараш тамоман тайѓир ёфта бо касе гап намезад. Доимо дилашро дошта кунчи кати хавли нишаста ба як нукта дурудароз чашм медухт. Барои гузаронидани маросими гуру чуби модар падараш аз хама хамсояхо карз гирифта карздори сахт шуд. Аммо у худро гум накарда аз кори муаллими ба кори дуредгари гузашт. Ин хунар ба у аз бобояш мерос монда буд. Манзура ин холати таъзиковари падарро дида дарун-дарун худро мехурд. Хама хешу таборон гумон доштанд, ки падари Манзура боз зан мегирад барои нигохубин кудаконаш. Аммо у фикри зан гирифтан дар сарашу дилаш тамоман надошт. Хушу ёдаш ба фарзандонаш буд. Аслан хонаводаи падари Манзура бо вафодори ва хоксори байни мардум эхтироми хосса доштанд. Бобояш Хусайнро дар ин деха хама мешинохтанду номаш вирди забони хамагон буд. Бобои Њусайн бибии аз дасту пой мондаашро ба пушташ бардошта ба берун барои хавои тозагири мебурд, ба хочатхона мебурд, либосхояшро иваз менамуд, ба у мисли кудак хурок мехуронид. Сенздах сол бибии Манзура бистари буд, аммо бобояш уро напартофт ё аз болояш зан хам нагирифт. Хеч намегузошт, ки хамсараш руйи хориву дармондагиро бинад. Ин нигохубин карданро бисёрихо бо хасад назорра мекарданд, ба бузургдиливу мехрубони ва сабру тахаммули бобои Хусайн офарин мехонданд. Охир ин гуна марди яктопараст хеле кам, шояд ангуштшумор аст. Як руз хамсояаш ба бобои Хусайн шухиомез гуфт, ки «ха, бобои Хусайн барои як зани касали шуда ин кадар чабру чафо мекаши. Магар ба тухми зан кирон омадааст. Мону рав, ягон зани сихати дигар бигир, охир ин чи гап, якумр ин кампири шала ба пушт гирифта мегарди? Айб нест, охир. Кучо шуд гурури мардиат? Девона шуда буд он ваќт бобои Манзура, шурид ва кариб буд, ки он марди хамсояро зада кушад. Ту кадри одаму одамгариро аз кучо медони? Ту киммати зани дустдоштаро аз кучо медони? –дод зада буд ба сари хамсоя бобои Манзура. Хамон руз нафарони дигаре, ки ин мунокишаро шунида буданд, бори дигар ба химмати баланду ишки покизаи ин марди мехнати ахсант хонданд. Хамин тарик 13 соли расо чисми касалии уро ба души худ кашид. Борхо бибияш уро гуфт, ки ба хотири у нанишинаду умри худро талаф накарда хонадор шавад, фарзандонаш акнун даст ба коранд, уро хор шудан намегузоранд. Вале хар бор бобои Хусайн ранчида : «То ту хасти, ман зинда хастам, фаромуш накун, ки баъди ту барои ман зиндаги вучуд надорад» мегуфт ва хамин тавр хам шуд. Одамизод ачиб аст, бо ин ки дар фарзанди одам вафо нест медонад, вале боз хам дар гили у ишки хакики вафоро устувор нигох медорад. Ин ишке буд, ки бобои Манзураро то охирин рузхои зинда будани хамсараш руи по дошту чун мурд, аз забону рафтор мононд. Падари Манзура хам яктопараст буду бо дигар зан зиндаги карданро намехост. Манзура баъди марги модар боз бештар ба лаби дарё мерафтаги шуд. Модари мехрубонашро ба ёд оварда зор-зор мегирист. Рузе лаби дарё нишаста буд, ки мошини сиёхшишаи бохайбате омада бозистод. Аз дарунаш хамон чавонписари як сол пеш дидааш фаромада табассумкунон суйи у омад. Манзура уро даррав шинохту аз хурсанди дилаш гуё сонияе аз задан бозмонд. Чавон ба наздаш омада салом доду пурсид, ки чи холе дорад.Дили Манзура, ки аз гаму дард пур буд, бо алам гирякунон чавоб дод: -Очачонам аз дунё гузашт… Чавон аз китфони у дошту тасаллояш дод: -Гиря накун, хамаи моро марг интизор аст. Худо чояшро чаннат кунад. Хамин тавр байни Манзураи дехотиву ин бачаи шахри ишку ошики огоз гардид. Расул писари ягонаи хонаводаи сарватманде буд, ки дар шахр хама онхоро мешинохтанд. Расул дар дехаи Манзураиино хамсабаке дошт. Барои хамин зуд-зуд бо дустони наздику маъшукањояшон ба он чо мерафтанд. Аммо нисбати Манзура як ишки самимие пайдо карда буд. Ин ишке буд ори аз хама бадихо, содаву ширин. Харчанд медонист, ки падару модараш барои издивоч бо ин духтараки камбизоат рози намешаванд, вале боз муносибатхояшро идома медод. Манзура дар арафаи тамом кардани мактаб буд. Акнун хар шаб дафтари хотирот дар болои сараш рози дилашро идома медод: ….Ай чавони орзухои ман, медонам ки дустам дориву дустат дорам. Баъди тамом кардани мактаби миёна Манзура хост, ки ба донишгохи тибби хуччат супорад, вале Расул шарташ гузошт, ки агар у ба хондани равад, онгах уро аз хотир барорад. Манзура ба хотири у шуда дигар аз фикри хондан даст кашид. Падар њам уро дигар чизе напурсид. Манзура хостгорхои Расулро интизор буд. Расул гуфт, ки ин бегохи падару модараш ба хонаи онхо ба хостгори меоянд. Манзура аз хурсанди чойи нишаст намеёфт. Падараш ку аз хурсанди гул-гул мешукуфт. Расул барои он ки падару модарашро ба хостгори омадан рози кунад, чи кадар чанчолхо бардошт бо онњо. Падару модараш гуфтанд, ки духтари дехоти, боз ба замми ин камбагал барои оилаи онхо хандаовар аст. Аммо Расул ду поро ба як муза андохта зориву тахдид кард, ки факат уро ба зани мегирад. Падару модари сарватманди Расул ба хонаи камбагалонаи онхо омадан замон ру турш карданд. Сари дастархон нишаста хатто як пиёла чойи гарм нанушиданд. Падари Расул бовикорона гуфт: -Мо барои он омадем, ки писару духтар аллакай ишку ошики карда гапро пазондаанд. Барои хамин шарманда нашавем гуфта омадем хонаи шумо. Падари Манзура ин лахза хатто сарашро набардошт. Ашк дар чашмонаш халка зада буд аз ин таъкир. Аммо ба хотири бахти духтараш чизе ба забон наовард. Рузи туйро муайян карданд. Модари Расул богурур гуфт, ки «шумо бе он хам чизе надоред, мо худамон хама чизи туйро мекунем» . Туй бо тамоми хашаматаш дар тарабхонаи Симин баргузор гардид. Манзура дар тан перохани сапеди аруси пахлуи Расул ороставу пероста нишаста аз фарах чашмонаш медурахшиданд. Баъди туй онхоро ба хавлии сеошёнаи 30 хучрадор оварданд. Манзура ин гуна давлату сарватро аввалин бор медид. Хонаи пурчихозаш ба назараш мисли магозае буд. Расул ба у менигаристу мегуфт: -Ту ин кадар зебову пуртароват будаи. Ман инро акнун эхсос кардам. Аруси нав субхи солехон бархеста аз пайи хавлируби шуд. Хусуру хушдоманаш хануз хоб буданд. Манзура гумон кард, ки онхо хам мисли падараш барои намозхони мехезанд. Рафта дари хонаи хоби онхоро так-так кард. Аз дарун садои дагалонаи хушдоманаш баланд шуд: -Ха, чи гап худаш? -Очачон, хезед субх дамид. -Э раве духтари гадо, корат чи ба хобби мо Ин суханони захрдори хушдоман субхи аввали аруси таъби Манзураро хира карду аммо у чизе нагуфт. Нисфирузи хушдоманаш ба наздаш омада гуфт: -Гуш кун келин, агар хамин даъфа субх хоби маро норохат сози, даъфат мекунам. Манзура аз гапзании хушдоманаш хайрон шуд. Аммо дар ин хусус ба шавхараш чизе нагуфт. Баъди як хафтаи туй падару хохаронаш ба дидорбиниаш омаданд. Хушдоман назди онхо шарму ибо накарда таъкид сохт: -Келин мехмони ба ичозат аст ба хонаи мо. Пеш аз омадан бояд телефон карда падарат моро огах созад. Падари Манзура ин рафтори кудояшро дида озурда гашту дигар аз дастархон хатто як пиёла чой нанушид. Ба духтараш дар дами дарвоза гуфт, ки сабрро пеша карда хусуру хушдоманашро хурмату эхтиром намояд, ба хама сарбаландихо хохад расид. Манзура онхоро бо дили шикаста гусел карду хушдоманашро дид, ки нонхои гандумии пухтаи хохарашро дар сатили партов партофта истодааст. Давида рафта нонхоро аз партов гирифт. Хушдоман бо захрханд ин кори уро мушохида карда гуфт: -Гадо буданат маълум . Аз партов чиз мекоби Манзура гашта ба хушдоман чавоби амик додани буд, аммо насихати падар ба ёдаш омаданду хомуширо пеша кард. Нонхои гандумии хохар пухтаро ба хона бурд. Аз ќадру манзалаташ хориаш омад. Гирист бо дард. Шабона Расул ба чашмони суп-сурх варамидаи у нигариста сабабашро пурсид: -Азизи дилам. Чи шуд? -Тинчи. -Гиря карди? -Падару хохаронам ба хабаргири омада буданд. Онхоро дида гиря кард. Манзура гашта ба хушдоман чавоби амик додани буд, аммо насихати падар ба ёдаш омаданду хомуширо пеша кард. Нонхои гандумии хохар пухтаро ба хона бурд. Аз кадру манзалаташ хориаш омад. Гирист бо дард. Шабона Расул ба чашмони суп-сурх варамидаи у нигариста сабабашро пурсид: -Азизи дилам. Чи шуд? -Тинчи. -Гиря карди? -Падару хохаронам ба хабаргири омада буданд. Онхоро дида гиря кардам. -Пас чаро нагуфти. ки як шаб истода баъд мерафтанд. -Дар деха кор зиёд, барои хамин шаб наистода рафтанд. Ба шумо саломи гарму чушон гуфтанд. -Саломат бошанд. Падари ту одами ачибанд. Ин хел одамо хеле каманд дар дунё Манзура ки шавхарашро бо чону дил дуст медошт, ба хама таъкиру чабру чафои хушдоману хусур сабр мекард. Хусураш ку хар вакт уро камбагалдухтар гуён таънааш мекард. -Ха, камбагалдухтар, хуроки бомаззаро аввалин бор дидими? -мегуфт хусураш агар Манзура хурокро зиёдтар хурад. Хол он ки у хомиладор буд. Манзура дандон ба дандон монда токат мекард. Гумон дошт. ки бо тавлиди фарзандаш шояд хусуру хушдоманаш нисбати у мехр пайдо намоянд. Аз субх то шом Манзуру барои онхо хидматгори беминнат буд. Ду хидматгори худро чавоб дода хама кори хонаро ба келин мефармонданд. Агар ягон хешу таборашон ягон тую маърака кунад, уро ду руз пешаки барои ёрдам мефиристоданд. Акнун вактхои охир хушдоман уро ба чойи келин гуфтан камбагалдухтар гуён фарёд мекард. Ин таъкиру зулм ба дили Манзура кора карду рузе ба шавхараш гуфт, ки сабраш тамом шудааст. Камбагал шуд, гунахкор шуд ми. Расул ки вактхои охир дигаргун гашта буд, гуфт: -Чи магар ту аз оилаи сарватманди. Охир камбагалро камбагал мегуянд. Ин суханони Расул уро аз акл ќариб ки бегона кунад. Сохиби як духтару як писар гардида буданд. Аммо хамоно барои хусуру хушдоманаш у камбагалдухтар буд. Андеша мекард, ки дар ду соли охир чаро Расули азизаш дигар шуда бошад. Шояд ягон зани дигареро дуст дошта бошад. Кучо шуд он дустдорихо?* …Ту эй шахси орзухои дилам, чаро калби беолоишамро аз мехри садокатат лабрез намудиву кунун худро аз ман дур мегири. Чи гуноње аз ман гузашт? Падару модари Манзура баркасд чунин рафтор мекарданд, то Манзура худаш ночор аз хонаи онхо баромада раваду онхо ба духтари сарватманде писари худро аз нав хонадор намоянд. Дар муддати ин хашт сол чи таъкиру зулмхое ки дар хакки келинашон раво надиданд, аммо Манзура санги сабур буду халос. Рузе духтарчаашро хушдоман аз муйхояш кашида ба руяш шаппотие фаровард. Манзура сабабашро аз хушдоман пурсид: -Духтарат мисли худат хуни паст ки дорад, мекашидааст. Бе ичозат рафта аз хонаи хоби ман атрамро гирифта кушода задаааст. -Охир, очачон у кудак аст хануз. -Гап нагардон Манзура баъди ин ходиса дилаш якбора мисли ях сард гашта аз ин хона фирор кардан мехост. Аммо даме андеша кард, ки баъди баромада рафтан бо ин ду кудаки кучак ба хонаи ки меравад. Падарашро мачбури баъди шавхар кардани у хешу таборон зан дода буданд. Зани падараш одами бадчахле буд. Он чо барои у чой нест. Дигар касе надорад. Барои хамин боз аз Худо зори кард, ки сабраш дихаду у ягон кори номакбуле накунад. Расул акнун баъзе шабхо ба хона намеомадагї шуд.Рузе падари Расул келинашро ки ба хонаи падараш ба мехмони рафта буду то бегохи баргашта омада натавонист, тухмат карда ба писараш гуфт, ки онхо ичозати рафтан надодаанду ин камбагалдухтар дар дехаашон ягон маъшук доштагист. Расул шаб ба хона баргашту падару модар уро бо келини покизаашон тухмат карда гуфтанд, ки зани ту ду руз дар хонаи падараш чи кор карда гаштааст. Расул ба хона даромаду бе сухан бо мушту лагад ба шиками Манзура мезаду аз шиддати рашк худро дошта наметавонист. Манзура гирякунон мепурсид, ки барои кадом гунохам. Аммо Расул чизе нагуфту боз баромада аз хона рафт. Манзура шаб хоб нарафта дар хамон дафтари хотироти давраи чавониаш менавишт: …Дар зиндаги ду шикаст мешавад, шикасти дил ва шикасти рух. Агар калб шиканад, боке нест. Вале агар рух бишканад, фарёду фарёд..Фарзандонаш аз бобову бибиаш сахт метарсиданд. Манзура токат мекард ба хотири ишкаш. Аммо рузе хушдоманаш уро бо ду тифл аз дари хавли бароварда пеш карду гуфт, ки дигар пояшро ба дари хонаи онхо нагузорад. Расулро онхо зани сарватманд медиханд. Манзура дар хонаи падар рузхоро мешумурд, ки Расул гашта омада уро барад. Аммо шабе Расул ба хонаашон омаду дар дами дарвоза гуфт, ки чавобашро медихад, аммо ба тифлонаш кумак расонида меистад. Ин суханони Расул мисли тире буд, ки калби шикастаи уро шикоф карда дар дилаш гуё пинхон монд. Баъди ин рузи чудои Манзура рухан бемор шуд. Ана, акнун Расул туйи домоди дорад. Манзура хост, ки ду кудакашро гирифта ба тарабхона дарояд. Назди мизи арусу домод нишаста рафта уро шарманда мекунад. Вале ким чи хел гуруре вучуди уро фаро гирифта пас гашт. Зери лаб гуфт: ..Дилам барои дили бечораи ту месузад, чунки ту дили ягонаатро ба чанд хиссаи майдаю назарногир чудо сохта онро ба дигаре таксим карди. Ох, чи дахшате…Бифахм ки рузе дил аз бекадрии ту ба танг омада, киматтарин ганчи инсони мехру мухаббатро аз даст хохад дод. Ин барои хар як инсон фочеаи калонест… Шахлои Начмиддин-муаллиф ✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️
    6 комментариев
    19 классов
    Занхое,ки шавхаротон зани дуюм гирифтааст,чи хол доред ?? Бо эхтиром Фарида
    261 комментарий
    36 классов
    .......Қиссаи хеле хуб. Зани мусулмонеро шавҳараш вафот кард ва бо кӯдаконаш танҳо монд. Соҳиби хона ӯро аз ҳуҷра пеш кард, чун иҷораи хонаро дода натавонист. Зан кӯдакашро гирифта ба кӯча баромад, ҳар тараф рафт, вале макони зист пайдо накард. Ҳаво ниҳоят сард буд. Кӯдаконашро дар масҷиде гузошт, то каме бошад ҳам гарм шаванд ва боз ба кӯча баромад. Дар роҳ марди мусалмони бовиқор ва зоҳиран сарватмандеро дид ва наздаш рафт, то кӯмаке талаб намояд. Чун қиссаашро нақл кард, мард гуфт: - Далел биёр, ки суханонат рост аст. Зан гуфт: - Ман касе надорам, чӣ далел биёрам? Кӯдаконамро бин, дар масҷид нишастаанд. Мард рӯй гардонду рафт. Зани дилшикаста роҳашро давом дод ва марди яҳудии пиронсолеро дид ва ба ӯ қиссааш ва ҳодисаи бо марди мусалмон рӯйдодаро нақл кард. Мард зуд ба тарафи масҷид равона шуд, кӯдакони занро гирифта ба хонааш овард. Ба ҳамсараш амр дод, ки таому ҷои хоб тайёр намояд. Шодии зани бечора ва кӯдакони бесаробонро ҳадду канор набуд. Ҳамон шаб марди мусалмон хоб дид, ки қиёмат шудааст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам умматашро шафоат мекунад. Ногоҳ қасреро дид, аз ёқуту зумуррад ва дарвозаҳояш аз дурру марҷон. Мард аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пурсид: - Эй Паёмбар, ин қаср барои кист? Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷавоб дод: - Ин қасри як мусалмони яктопараст аст. Мард гуфт: - Эй Паёмбар, ман мусалмони яктопараст ҳастам. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҷавоб гуфт: - Далел биёр, ки суханат рост аст. Аз зани бечорае далел пурсидӣ, акнун худат низ далел биёр. Ин лаҳза мард аз хоб бедор шуд, ғамгин шуд, ки фурсати хуби касб кардани савобро аз даст додааст ва ба кофтукови он зан шитофт. Пас аз ҷустуҷӯи дурудароз фаҳмид, ки марди яҳудие дар хонааш ҷой додааст ва наздаш омаду гуфт: - Мехоҳам он занро бо кӯдаконаш ба хонаам барам. Марди яҳудӣ гуфт: - Ин кор имкон надорад, аз баракоти ин зану кӯдаконаш баҳравар шудаам, намехоҳам аз даст диҳам. Гуфт: - Ба ту ҳазор танга медиҳам, онҳоро ба ман бидеҳ. Гуфт: - Намедиҳам. - Он касри зарринро оё мехоҳи бо 1 000 тангаи ночиз бихари Ҳарчанд марди мусалмон исрор кард, яҳудӣ рад кард ва гуфт: - Он хобе, ки ту дидӣ, ман ҳам дидам ва он қасре, ки туро ба ҳайрат овард, моли ман аст. Шабона пеш аз хоб аз баракоти ин зан ва аз даъвати ӯ ману ҳамсарам ва тамоми оилаам исломро пазируфтем. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар хоб дидам ва ӯ он қасри ҷаннатиро ба ман нишон дод ва гуфт: - Ба он зану кӯдаконаш некӣ кардӣ, Аллоҳ ба ту ин қасрро дар ҷаннат хоҳад дод. Қасам ба Аллоҳ, агар молу мулки тамоми ҷаҳонро ба ман диҳӣ, ин зану кӯдаконашро раҳо нахоҳам кард ...✍
    1 комментарий
    49 классов
Увлечения

Публикации автора

В ОК обновились Увлечения! Смотрите публикации, задавайте вопросы, делитесь своими увлечениями в ОК