Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз фарбеҳӣ ранҷ мебаранд ва мегӯянд, гирифторони фарбеҳӣ бо осонӣ метавонанд, вазнашонро коҳиш диҳанд. Дилаи тарбуз, дона ва ҳатто пӯчоқи он хосияти табобаӣ дорад. Барои таъмини шабонарўзии ҷисм бо магний хўрдани 150 грамм тарбуз кофист. Касоне, ки гирифтори фишори баланди хунанд, бояд ҳатман ба номгӯйи ғизои рўзмарраашон тарбузро ҳамроҳ намоянд. Тарбуз холестеринро аз ҷисм берун мекунад, ки зимни беморихои дилу раг муҳим аст. Миёни тамоми набототи дигар тарбуз хосияти қавии пешобронӣ дорад. Ин хосияти тарбуз дар пўчоқи он низ эҳсос мешавад. Аз пӯчоқи тарбуз ҷӯшобае тайёр кардан мумкин аст, ки барои муолиҷаи бемориҳои дилу гурда кӯмак мерасонад. Чунин муолиҷаро тамоми сол метавон идома дод. Донаи тарбуз ҳам барои шустани санги гурда ва ҳам барои нест кардани кирм (гелминт)-ҳо воситаи хубе мебошад. Дар ин бобат донаи тарбуз бо донаи каду рақобат карда
метавонад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев